Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

Тақвими хабарҳо;
«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Хабарҳои охирин
Шавад то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ, Ливои мулки худро ашкрезон бусаҳо кардӣ. на танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ, Ҳалолат бод, бар аҳдат вафо, қарзат адо кардӣ. Имрӯз 13-ҳуми ноябри соли 2017 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умум...
Бо мақсади омузиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону духтарон, оилаҳое, ки зери фишори зуроварӣ қарор доранд, оилаҳои осебпазир, фаҳмонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оилв” , “Дар бораи танзиму анъана...
Табрикоти раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур бахшида ба 23 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи ноҳия Меҳмонони арҷманд, Ҳамдиёрони азиз! 6-уми ноябр ба қабули Конститутсия-санади танзим-кунандаи ҳуқуқу озодиҳои халқ...
Эҳдо ба Асосогузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон То наорам тоҷики саргаштаро бар кишварам, То насозам пок агар ман ашкҳои модарам. То нагардад ҳамқадам бо зиндагонӣ хоҳарам, То...
Рӯзи Президент Шавад то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ, Ливои мулки худро ашкрезон бусаҳо кардӣ. на танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ, Ҳалолат бод, бар аҳдат вафо, қарзат адо кардӣ. ЭЙ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИГАҲБОНАТ ХУДО БОДО Салом! ...
Мизи мудавар дар мавзӯи “Ҳуқуқҳи худро меомузем” дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Боғгаи Бахши кор бо занон ва оила дар доираи нақшаи кори дар деҳаи дӯстии Ҷамоати деҳоти Боғгаи мизи мудаварро дар мавзӯи “Ҳуқ...
» » Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.

Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.

0
Илова: adminn, 7-10-2015, 10:29 | Дида шуд: 246
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.

Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.

Дар ноҳияи Муъминобод семинари ҷумҳуриявии кормандони бахши асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Ҳамзамон дар кори семинари ҷумҳуриявӣ сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Точикистон Саодат Сироҷзода иштирок намуданд.
Меҳмононро аз даромадгоҳи ноҳияи Муъминобод раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур, муовини раиси ноҳия Лутфияхон Ҷумаева, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқукӣ ноҳия ва сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин истиқбол намуданд.
Меҳмонон дар маркази ноҳия, майдони Исмоили Сомонӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардуми ноҳия дидан намуданд. Ҳамзамон дар маросими бақайдгирии ақди никоҳи навхонадорон, супоридани шаҳодатнома ба тифлони навзод, қадрдонӣ намудани оилаҳои намунавӣ иштирок намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳияи Муъминобод оѓоз намуда, аз ҷумла иброз намуданд, ки;
«Соли оила» эълон шудани соли 2015 баёнгари он аст, ки Президенти маҳбуби мамлакат ба масъалаи нақши оила дар ҷомеа, масъулияти ин мақом, дар тарбия ва соҳибтаҳсилоту соҳибмаърифатсозии фарзанд, қавигардонии муносибатҳои созандаи оиладорӣ, диққати ҷиддиро равона месозад. Ин аст, ки сол аз сол заминаҳои қонунгузории оилавӣ аз рӯи ташаббуси қонунгузории Президенти кишвар такмил меёбанд.
Зарурияти ин иқдомоти Сарвари муаззами кишварро ҳар нафаре, ки раванди рушди имрӯзаи ҷомеаро ба дурустӣ дарк мекунад, хуб фаҳмида метавонад.
Ҳамагон дард доштанд, дарди нобасомониҳои оилаву оиладорӣ, вале пайи раҳоӣ талошу чорабиниҳои мушаххасу амалӣ кам ба чашм мерасид. Дарк намудем, ки зиндагӣ, оила ва шеваи хонаводагию баъзе оинҳои дигар аз қабили ҳирси молпарастию ба дастовардани дороӣ ончунон реша давонд, ки бар асари никоҳи хешу таборӣ, иллат ба миллат ворид намудем.
Шукрона бо фазилати азалии Сарвари давлат дардҳои дардноки зиндагӣ дар ошёни оила, аз фарози имону инсоф ташхису тадбир шуданд.
Пайи тадбирҳо бо ҳидоятҳои ояндасози Сарвари давлат парда аз рӯйи ин иллати фалокатбор рӯшану нишонрас ба мавриду манфиатовар бардошта шуд ва миллат аз ин бояд шукургузор бошад. Соли оила ҳушдору водор месозад, ки мо ба ҳамаи дастовардҳо, падидаҳои рӯҳнавоз ба субҳу шоми ин Ватан бо назари меҳру ихлос нигоҳи некбинона дошта бошем.
Хушунати хонаводагиро ба тамом барҳам зада, рӯ ба сиёсати созанда оварда, бақодории оиларо, ки василаи устувории ҷомеа мебошад, пойдору ҷовидона ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.
Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ягона мақоме маҳсуб меёбад, ки асноди шаҳрвандро, ки солҳои тулонӣ бояд хизмат намояд дуруст ва ба санадҳои меъёрии дигар мутобиқ месозад.
Аз ин нуқтаи назар ҳамарӯза ин мақом бояд омӯзиш дошта бошад, таҷрибаи пешрафтаро дар коргузории худ амалӣ намояд. Гумон мекунам, ки мақсади семинари имрӯза низ пиёдасозии ҳадафи талаботҳои Низомномаи мақомот мебошад. Бовар дорам, ки семинарӣ имрӯза барои беҳсозии фаъолиятҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ заминаҳои воқеию ҳуқуқиро фароҳам месозад».
Раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур дар кори баргузор намудани семинар ба иштирокчиёни семинар барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд.


Иттилоъ аз Дастгоҳи раиси
ноҳияи Муъминобод


Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Қисмат: Чорабинихо
Меҳмони азиз шумо дар сомона ҳамчун истифодабарандаи бақайдногирифташуда даромадед.
Мо ба шумо тавсия медиҳем киБақайд гиред ё ин ки дар сомона бо номи худ дароед.