Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

Тақвими хабарҳо;
«    Апрель 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Хабарҳои охирин
» » Татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияи Муъминобод

Татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияи Муъминобод

0
Илова: adminn, 4-01-2016, 05:40 | Дида шуд: 147
Татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияи Муъминобод

Татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияи Муъминобод

Дар доираи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо лоиҳаи Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон, ки аз тарафи Муассисаи давлатии маркази идораи «Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» амалӣ шуда истодааст, рӯзи 21 декабри соли 2015 дар майдони марказии ноҳияи Муъминобод чорабинии тантанавии супоридани техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ ба макомотҳои худфаъолияти ҷамъиятии ноҳияи Муъминобод баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур оғоз намуда қайд намуданд, ки:
«Бо бадаст овардани соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ, ки беназиртарин ҳадя ва бебаҳотарин дастовард барои миллати куҳанбунёд ва дорои фарҳанги пурғановат, ки исми худро дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ ва ягона сабт намуд, дар самти ҳамкориҳо бо Созмону ташкилотҳои бонуфузтарини ҷаҳони имрӯза рӯ ба тараққиёту пешрафт дорад.

Дар як вақт амалигардонии ду лоиҳаи калонҳаҷми ба соҳаи рушди кишоварзӣ нигаронидашуда: лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон», «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» далел ва шаҳодати он аст, ки ноҳияҳои минтақаи куҳистони кишвар аз ҷумла ноҳияи Муъминобод рӯ ба тараққӣ ва пешрафт дорад.
Барои амалисозии лоиҳаҳои ҷадиди беҳсозии сатҳи зиндагии мардум мехоҳам миннатдории худ ва кишоварзону кормандони соҳаи саноат ва кулли хурду бузурги ноҳияро аввалан ба Сарвари давлат, Раиси вилоят, Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ, Агентии иҷроия-Вазорати кишоварзӣ, Маркази идораи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», ки дар амалигардонии лоиҳа саҳми бевосита доранд бирасонам.
Лоиҳаҳои «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон», «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ҳамбастагӣ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор оварда шуданд. Тавассути ин лоиҳаҳо дар марҳила ва мавридҳои гуногун 55 тракторҳои тамғаи «Беларус» 355 адад мошинолотҳо, ки ба ноҳия ворид гаштаанд, гумонам комил аст, ки фаровонии рӯзгори мардумро таъмин ва самаранокии истеҳсолотро қавитар мегардонад.
Имрӯз ба ноҳия ворид шудани 21 техникаҳои ҳозиразамон ва 15 мошинолотҳои кишоварзӣ барои беҳсозии соҳаи кишоварзӣ, ки соҳаи афзалиятноки кишвар аст фоли неку муборак ва беҳтарин туҳфаи Солинавӣ барои сокинону кишо-варзони ноҳия мебошад.
Дар маҷмӯъ дар ноҳия тариқи 2 лоиҳаи фаъол бештар аз 76 трактор, 370 мошинолот ва 15 мотосикл барои хизмати саҳродорону чорводорон ворид шудааст, ки боиси шукургузорӣ ва дастгириҳои сиёсати созандаи Сарвари давлат аст».
Ҳамзамон дар чорабинӣ Ҳакимзода Қурбон муовини якуми раиси вилояти Хатлон, Каримов С. Ғ Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи «Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳхо», Миралиев Абдул намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродов Турақул ҳамоҳангсози Лоиҳаи бехдошти сатҳи зиндагӣ дар Хатлон, Азимов Ф -Сармутахассис оид ба харид дар Лоиҳаи бехдошти сатҳи зиндагӣ дар Хатлон, Муассисаи давлатии «Маркази идораи «Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳхо»,
Ганҷалов К мушовири маҳаллӣ оид ба харид дар Лоиҳаи бехдошти сатҳи зиндагӣ дар Хатлон, Муассисаи давлатии «Маркази идораи «Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳхо» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси ноҳия Тоҳирхон Темур дар анҷоми чорабинӣ мардуми ноҳияро бо фарорасии Соли нав таҳният гуфта барору бурдбориҳои нав ба нав, таҳрезии лоиҳаҳои наву созгорро баҳрашон орзу намуд ва таъкид доштанд, ки устувории лоиҳаҳо нигоҳ дошта шаванд.

Аз Дастгоҳи раиси ноҳия иттилоъ дода шуд



Татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияи Муъминобод
Татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияи Муъминобод
Татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияи Муъминобод
Татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияи Муъминобод
Татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияи Муъминобод
silvenpsp.rusferurezki.ru
Қисмат: Чорабинихо
Меҳмони азиз шумо дар сомона ҳамчун истифодабарандаи бақайдногирифташуда даромадед.
Мо ба шумо тавсия медиҳем киБақайд гиред ё ин ки дар сомона бо номи худ дароед.