ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Суханронии Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур
Суханронии Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур

Суханронии Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур

Суханронии

Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур дар мулоқот ба мардуми ноҳия дар мавриди Қонуни тозаэҷод «Дар бораи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҳамдиёрони азиз,

Ба ҳам омадан дар ин майдон, ки шоҳиди воқеаҳо ва бузургдоштҳои зиёдеро пушти сар намудааст, бемарому бемақсад нест.
Мову Шуморо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ифтихор аз миллат, забон, муқаддасот ва имону виҷдони поку дилу нияти созанда ба ҳам овардааст.
Аз ин минбар борҳо ба Шумо мардуми сарбаланд, хурду бузурги ноҳияи мардони Худодод рӯ ба рӯ истода ҳарф задам. Даъват намудам.
Даъват ба меҳнат, садоқат ба Ватан, пуштибонӣ аз сиёсат, марзу бум ва муқаддасоти хеш, эҳтиром ва арҷгузориро ба падару модар, насли калонсол ҳидоят намудам. Гоҳе аз муваффақиятҳо хушнуд ва барои рафъи нобасомониҳо тадбир ҷӯстам. Вале ин дафъа бо амри дил, на баҳри сиёсату сиёсатсозӣ, балки ҷиҳати қарзи имонӣ ва виҷдонӣ ба Шумо ҳамдиёрони азиз бо дарки масъулият, ки беҳтарин имон аст муроҷиат мекунам.
Дар меҳвари аслии афкору андешаҳои мардуми кишвар, расонаҳои ахбори ҷадиди дохилу хориҷ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» қарор дорад.
Фурсати даст додаро истифода намуда мехоҳам миннатдории худ ва мардуми ноҳияро ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ҳар вакили Маҷлиси намояндагон баён намоям. Зеро ин ниҳоди қонунгузор тавонистанд афкори оммаи васеи мардуми Тоҷикистонро ба Санади меъёрии ҳуқуқӣ шакл диҳанд, тасдиқ ва мавриди амал қарор диҳанд. Ва ҳар касу ҳар шабакаи фаъолият дошта ба масъала аз равзанаи хеш бо андешаву тафаккури худ таҳлилу баҳогузорӣ мекунад. Мардуми моро фазилат он аст, ки таҳамулгаро буда, андешаҳоро дар тарозӯи хиради азалии худ баркашида, бо таҳаммул андешаи худро иброз медорад. Мо ҳатто рақибони сиёсии худро гӯш карда метавонем ва ба суолу дархостҳояшон посухҳои муваффақонаро низ дорем.
Имрӯз дар бораи шахсияте ҳарф мезанем, гумонам комил аст ба тарғибу шинос намудан бе муболиғаю муҳобот эҳтиёҷ надорад.
Зеро ин шахсиятро чеҳрааш нуронӣ, афкораш ирфонӣ, диду назараш инсонӣ, қавлу амалаш раҳмонӣ, вуҷудаш заминию хоксорист.
Аз адабиёти аҳди қадим то ба имрӯз ибораҳои соддаву рехтаи ифтихориеро аз қабили «Пешво», «Сарвар», «Муаззам», «Фарзона», «Амир», «Кабир», Фархунда», «Фаррухпай», «Сулҳовару Ваҳдатсаро» ва амсоли инҳо, бисёр вомехӯрем, ки миллати мо ин ибораҳои муқаддасро ба саромадони муаззами худ мансубу муносиб медонанд.


Пешвои миллат, Президенти муаззам, Фарзанди фарзона, Амир ва Кабири миллат, Фархунданазару Фаррухпай, Сулҳовару Ваҳдатсаро бештар аз бисту чор сол аст, ки вирди забонҳост ва мардум ба Президенти худ бо ҳамин ибораҳо гуфтугӯ оғоз мекунанд. Тӯли беш аз 24 соли давлатдорӣ модари тоҷик бо сад ҳавасу ормон тифли навзоди хешро Эмомалӣ ва ё Раҳмон номгузорӣ намуда, аз Парвардигори хеш таманнои онро мекунад, ки ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон сулҳовару сулҳпарвар бо мардум, дар миёни мардум ва барои мардум бошад.
Дар бораи хизматҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соатҳо, рӯзҳову моҳҳо ҳарф занем басанда набуда, боз андешае, хизмате бе таҳлил то андозае дур мемонад.
Мардуми тоҷик бараъло рушану возеҳ дарк кардаанд, ки хизматҳои Ҷаноби Олӣ барои ин миллати дар сангарҳои таърих азиятдида бесобиқа буда, номи худро дар саҳифаҳои китоби миллат бо хати зар сабт кард.
Сарвар, ки ба шири модараш хурд қасам,
Бо номи ба оламовараш хурд қасам.

Аввалин каломе, ки ба ҳайси Сарвари як давлате, ки дар хазинаи бақодорияш як дирам набуд ва мардумаш кулфатзада, дур аз Ватан, хавфи нестшавӣ аз харитаи сиёсии ҷаҳон таҳдидаш мекард, Савганд ёд кард, ки «Ман барои Шумо сулҳ меорам», Сарвари ҷавон, дурандешу бо дину диёнат, имони Ватандорӣ дар қалб, барои миллат беҳтарин ҳадя сулҳ овард. Зеро хуб медонист, ки дар Ҳадиси Паёмбари ислом оварда шудааст: «Мехоҳед, ки Шуморо аз амали беҳтар аз рӯза ва беҳтар аз эҳсон ва намоз огоҳ намоям? Эҷоди сулҳ байни ду тан» Ҷаноби Олӣ байни натанҳо ду тан, балки байни ду қувваи паси сангар нишаста сулҳ овард. Мову Шумо хамдиёрони азиз вазифадор ва қарзи муқаддаси худ мешуморем, ки сулҳ, амнияту амонӣ, оромию суботи ҷомеаро ба ояндагон бе ғалату бегазанд бирасонем.
Дар ҳукумномаи таърих собит гаштааст, ки «Миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар, ба қавли хирадмандон, миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндаи худ мерасанд».

Барои мо имрӯз вақт, замона ва манфиатҳои дирӯз, имрӯз ва фардои миллат дар ҳамбастагӣ ин фурсатро фароҳам овардааст, то ба қадри заҳматҳои Ҷаноби Олӣ расида тавонем ва фарзандони хешро ҳидоят ба дастовардҳои тӯли давлатдорӣ доштаамонро бо дарки маънӣ расонида тавонем.
Ин аст рисолату асолат, қарзи виҷдонию имонии мо.
Барои амалишавии ҳадафҳо, ормонҳои ҳазорсолаҳо хуфтаву ногуфта, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ки аслашро ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил дода, бунёдаш ҳуқуқу озодиҳо маҳсуб меёбад барору бурдбориҳои беназирро таманно дорам.
Пешвои миллат муаррифӣ шудани Ҷаноби Олӣ саҳифаи наве дар таърихи давлатдорӣ ва қадами боварибахшу устувор гузоштан дар роҳи интихобкардаи хеш барои имрӯзу ояндаи ин миллати сарбаланд аст.


Суханронии Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур
Суханронии Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур
Суханронии Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.