Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода
Субҳи 7-августи соли 2018 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ноҳия ташриф оварданд. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи намуданд. Дар варзишгоҳи марказии ноҳия меҳмонони иззатмандро раиси вилояти Хатлон муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур истиқбол намуданд. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои сохтмонии иншоотҳо дар маркази ноҳия дидан намуданд. Ҳамзамон оид ба вусъат додани корҳои бунёдкорию созандагӣ бо сифат ва дар муҳлат анҷом додани иншоотҳои сохташаванда ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас баён намуданд.
silvenpsp.rusferurezki.ru