Главная > Чорабинихо > Об -асоси ҳасти ва манбаи ҳаёт аст

Об -асоси ҳасти ва манбаи ҳаёт аст


18-07-2016, 10:34. Разместил: adminn
Санаи 14 июли соли 2016 маросими тантанавии қабули иншооти сохтмонашон ба итмомрасидаи «Шабакаҳои оби нўшокӣ дар деҳаҳои Ҳанатарош, Душанбе ва шаҳраки Муъминобод» ноҳияи Муъминобод баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноӣияи Муъминобод Амиршозода Тоӣирхон Темур, намояндаи дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ригина Гухан, иҷрокунандаи вазифаи директори ОКСФАМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давиде Коста, муовини сардори Раёсати захираҳои об дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифов Гул Ваҳобович, намояндаи КВД ХМК Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомиддин Искандаров иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур чорабиниро бо сухани ифтитоњӣ оғоз намуда, аз ҷумла ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалии сиёсати дарҳои кушода, ки ба манфиати мардуми кишвар ва рушди босамари ҳар як соҳа равона шудааст, ҳамзамон ба намояндагони ташкилоти ОКСФАМ изҳори сипоси самимӣ баён намуданд.

Меҳмонони ба ноҳия ташрифоварда суханронӣ намуда, барои қабули самимии мардуми ноҳия изҳори сипос намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони занон, ҷавонон ва собиқадорони меҳнати ноҳия изҳори аҳида намуда, аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар шукргузорӣ намуданд.
Кушодашавии шабакаҳои оби нўшокӣ, ки дар омодагиҳои таҳлили ҷашнгирии 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, дар хотироти мардуми ноҳия боқӣ мемонад.



Об -асоси ҳасти ва манбаи ҳаёт аст

Об -асоси ҳасти ва манбаи ҳаёт аст

Об -асоси ҳасти ва манбаи ҳаёт аст

Об -асоси ҳасти ва манбаи ҳаёт аст

Об -асоси ҳасти ва манбаи ҳаёт аст
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад