Санаи 30-юми сентябри соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод Ддаъвати панҷум гузаронида шуд, ки Иҷлосияро раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур - вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №20 раиси намуд.
Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод Ддаъвати панҷум аз 34 нафар вакилон 29 нафар вакилон иштирок намуда 5 нафар вакилон бо сабабҳои узрнок ҳозир нашуданд.
Ба иҷлосияи имрӯза муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муасисаҳои таҳсилоти умумӣ ва раисони мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, намояндагони занон, ҷавонон, намояндагони воситаҳои ахбори умум, ки вакил нестанд, даъват карда шудаанд иштирок намуданд.
Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҳасанов Абдулмумин -сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят дар минтақаи Кулоб иштирок намуд.
дар Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод Ддаъвати панҷум рузномаи зерин пешниҳод карда шуд;
1. Шунидани ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод оид ба кишоварзӣ Доир ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Муъминобод аз 12-майи соли 2014, №206 дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 21 апрели соли 2014 №76 Доир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №144 "Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи "Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон" дар шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия.
2. Дар бораи ҷараёни татбиқ ва амали гардонии супориши протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини муассисаҳои таълимии ноҳия бо либоси ягонаи мактабӣ ва роҳандозии он дар корхонаҳои дузандагӣ.
3. Шунидани ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии №29 Махкамов Шодиҷон Ҳотамович
4. Массъалаҳои ҷорӣ
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|