11-11-2016, 12:21. Разместил: adminn
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод чорабинии 22- солагии рӯзи Конститутсия бо иштироки беш 350 аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар чорабини раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур, Мумовини раис Ҷумаева Лутфияхон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсумби Раҷабова инчунин маҳомотои ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия буда иштирок доштанд. Дар чорабинии мазкур табрикоти раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур бахшида ба 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумњурии Тоҷикистон бар мардуми шарифи ноҳия ироа гардид. Раиси ноҳия дар суханронии худ таъкид намуд, ки бо суханони «Мо халқи Тоҷикистон ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» оѓоз меёбад. Дар ҷамъомад аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия намоишнома дар мавзуъи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пешкаши ҳозирин гардид. Иттилоъ аз дастгоњи раиси ноњия
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|