Субҳи имрӯз 16.11.2019 худру бузурги мардуми сарбаланди ноҳияи Муъминобод бо як руҳияи баланд Рӯзи Президнтро ҷашн гирифтанд. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, устодону хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар даст расми Президент, Парчами давлатӣ, шиорҳо дар васфи Президент, ҳама якҷои раҳсипор шуданд ба суи Қасри фарҳанги ноҳия. Дар Қасри фарҳанг раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон муовини Прокурори вилояти Хатлон муҳтарам Ҳайдарзода Ҷунайдулло ниёз, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони хонандагон иштирок доштанд.
Раиси ноҳзия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур ба мардуми шарифи ноҳия бахшида ба Рғзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти хешро баён намуданд. Баъд аз табрикоти раиси ноҳия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон муовини Прокурори вилояти Хатлон муҳтарам Ҳайдарзода Ҷунайдулло ниёз аз номи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори вилояти Хатлон мардуми ноҳияи Муъминободро ба ин рузи фархунда табрику муборакбод намуд.
Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангиро пешкаши тамошобинон намуданд
иттилоъ аз дастгоҳи раиси ноҳия
<!--
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|