ТАВАҶҶУҲ! "БОРОНУ БАРФ МЕБОРАД!"
Шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, шамоли сахт мевазад ва бориши борону барф дар назар аст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст.
Рӯзхои 29 ноябр то 1 декабр дар ҷумҳурӣ шамоли сахт вазида, боридани борони шадид дар назар аст. Дар баландии зиёда аз 1800 метр аз сатҳи баҳр барф меборад.
Дар як қатор ноҳияҳо боришоти пуршиддат пешгӯӣ гардида, метавонад боиси болоравии сатҳи об дар дарёҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ гардад ва хавфи фаромадани сангреза ва селу тармаро ба вуҷуд орад.
Ба хотири аз хатару офатҳои табиӣ эмин нигоҳ доштани хона ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел, бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар нохияи Муминобод аз сокинон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷӯй ва заҳбуру каналҳои назди макони зисти худро саривақт аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар ин рӯзҳо аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум бояд худдорӣ намуд.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз ба роҳ баромадан воситаи нақлиёти худро ба сафар омода намуда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.
Дар сурати рӯй додани ҳолатҳои фавқулода ё ҳодисаи нохуш фавран ба қисми навбатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Муминобод ва Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании нохияи Муминобод бо рақамҳои (83318) 22233/ 21364 ва 93-880- 29- 09 хабар диҳед ё аз замимаи мобилии «SOS» истифода баред.
Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании нохияи Муминободsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|