Вусъати сарсабзии мо аз Паём омад падид, Ҳарфи паймони сиёсатро чунин бояд шунид. Якдилию якзабонӣ шаҳсутуни давлат аст, Зинданиро баъд аз ин бо чашми дил бояд дид. Кӯҳро хоҳем агар тобад чу арзанд дар назар, Оташи меҳру Ватан бояд фурузем аз шарар. Худ фурӯзему ғанимат ҳар нафасро бишмарем, Об агарки рафт, бар ҷӯ барнамегардад дигар. Пай наафтад то ба паймоне, ки бар мо раҳ кушод, Пай бигирем аз Паёми Сарвари Олинаҷод.
Насли ҷавонро Пешво, Бо ин паёмаш шод кард. Дар марз-марзи қалбашон, Гулбоғҳо бунёд кард. Мо бо паёми Пешво, Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем. Дар дидаҳо бигрифт ҷой, Нав, нав ба сад заҳмат Ватан. Чун шеъри ноб эҷод гашт, Бедарду беиллат Ватан. Мо бо паёми Пешво, Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем. Мо навҷавонон павйрават, Эй пешвои тоҷикон. Бишнохт аз рафтори ту, Ин Тоҷикистонро ҷаҳон . Мо бо паёми Пешво, Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем. silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|