Главная > Чорабинихо > Роғун – маҳаррики пуриқтидорӣ ба ҳаракатдароварандаи иқтисодиёти Тоҷикистон

Роғун – маҳаррики пуриқтидорӣ ба ҳаракатдароварандаи иқтисодиёти Тоҷикистон


15-11-2018, 11:19. Разместил: adminn

 

        
Тоҷикистон дар маркази қитъаи Осиё ҷойгир шудааст. Аз ҷиҳати мавқеи географӣ релеф, иқлим шароити мусоид дошта, дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ ва табиӣ мебошад, ки истифодаи самаранок ва оқилонаи ин сарватҳо натанҳо барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии кишвари мо имконият ба вуҷуд меорад, истифодаи ин сарватҳо метавонад ба рушди иқтисодиёти Осиёи марказӣ ва Ҷанубӣ такон диҳад. Яке аз сарватҳои табии кишвари мо захираи об – бахусус захираҳои энергетикаи обии он мебошад. Тоҷикистон дорои дарёҳои хурду бузурги куҳие мебошад, ки дарозии умумии дарё ва дарёчаҳои аз 10 км дарозидошта 28500 км ташкил медиҳад. Релефи кӯҳи имконият медиҳад, ки дар ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон неругоҳҳои хурд ва бузурги барқи сохта шавад. Аз руи тадқиқоти илман асоснокшуда дарёҳои Тоҷикистон дорои 507 млр. Квт. соат неруи барқ буда, аз рӯи захираҳои энергетикӣ Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Иттиҳоди мустақил ҷойи дуюм ва дар байни мамлакатҳои ҷаҳон бошад аз лиҳози ин захираҳо ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Тоҷикистон аз ҷиҳати ба ҳар километри квадратӣ тақсимшавии захираҳои энергетикӣ дар дунё дар ҷойи аввал меистад. Захираҳои энергетикии оби Тоҷикистонро ба ҳисоб гирифта ҳанӯз дар замони ҳукумати подшоҳии Россия минтақаҳои бунёдшавандаи неругоҳҳои барқӣ аз он ҷумла минтақаи бунёдшавандаи неругоҳҳои барқи оби Роғунро соли 1913 омӯхта ва сохӣмони ин неругоҳҳи баркиро дар ин минтақа пешбини намуда буданд. Сохтмони неругоҳи Роғун дар давраи анҷомёбии сохтмони неругоҳи барқии Норак соли 1976 дар солҳои мавҷудияти давлати шӯравӣ оғоз ёфта, бо сабабҳои ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ гирифтор шуда ва баъдан парокандашавии ин иттиҳод сохтмони ин иншооти бузурги энергетикӣ нотамом монд.
      Дар давраи баъди ба даст овардани Истиқлолият корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот муввақатан суст шуда, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ хобонида шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба ин иншоот зарари калони моддӣ расонида, сохтмони онро бозмонд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари таъмини сулҳу субот сохтмони ин иншоот оғоз гардида, дар маърази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат қарор гирифт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат ҳамаи монеаҳои дохили ва беруниеро, ки пеши роҳи сохтмони ин неругоҳро мегирифтанд, бартараф намуда инак агрегати аввалини ин неругоҳ дар рӯзи барои мардуми Тоҷикистон мубораку муқадас 16-ноябр Рӯзи кушодашавии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон оғоз намуд. Бояд ёдовар шуд, ки неругоҳи барқии обии Роғун иқтидори истеҳсолӣ зиёда аз 17 млр кВт соат неруи барқро дошта, дар обанбори он 17 млр метри куби об захира мешавад, ки аз ҳисоби истифодаи захираҳои оби обанбори Роғун имконият ба вуҷуд меояд, ки иқтидорӣ неругоҳи обии Норак 5 млр кВт соат ва иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқии обии Бойғози 1 млр кВт соат афзоиш дода шавад.
     Неругоҳи обии барқии Роғун дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва тезонидани тарақиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо нақши калидӣ дорад. Чунончи дар Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ  оварда шудааст "барои бунёди неругоҳи обии барқии Роғун соли 2017 4 млрд 700 млн сомонӣ харҷ гардида, ба ин мақсад соли 2018 5 млрд сомонӣ равона карда мешавад".
      Неругоҳи обии роғун иншооти бузурги гидротехникӣ буда, дар баробари истеҳсоли қувваи барқ имконият медиҳад, ки маҷрои обҳои дарёи Вахш ба танзим дароварда шуда, пеши селҳои баҳорӣ гирифта шавад ва дар қисмати поёноб 10 ҳазор гектар заминҳо обёрӣ ва ҳолати обёриашон беҳтар гардонида шаванд.

Роғун – маҳаррики пуриқтидорӣ ба ҳаракатдароварандаи иқтисодиёти Тоҷикистон

 

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад