Санги осиёб бо мадади оби равон чарх мезанад. Ҳамин, ки об боз монд, санг низ аз чарх гаштан боз мемонад. "Об манбаи ҳаёт аст"
Об рӯшноӣ ва рушангари қалб аст. бе рӯшноӣ ҳаёт ва ҳаёт бе об буда наметавонад.
Дар лаҳзаҳои вопасини одамӣ талоши об дорад, на чизи дигар. Об зиндаги аст. Зиндагии бебозгашт.
Хун оби ранголудшуда аст. "Хунро ба хун, не ба об мешӯяд" Об покию покизагист.
Об дар масири зиндагӣ маҷрои худро дорад. Ҳамин, ки об маҷрояшро дигар кард, маҷрои зиндагӣ ҳамон гуна дигар хоҳад шуд.
Лутфу меҳрубонӣ ба об, лутфу меҳрубонӣ ба ҷонӣ хеш аст.
Дар ташнагӣ ба обу дар ғурбат ба Ватан бештар эҳтиёҷ дорем. Ҳардуро накӯ бояд донист. silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|