Табиист, ки оромиву осудагии ҳар як давлат аз шаҳвандони бо нангу ор, матину шуҷои он вобастагӣ дорад. Ин мафҳум дар моддаи 43. Ќонуни асоси чунин дарҷ гардидааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиќлолият, амният ва иќтидори мудофиавии он вазифаи муќаддаси шаҳрванд аст».
Маҳз масъулияти баланди ватандӯсти ва хештаншиносии миллӣ моро водор мекунад, ки ҳимоя аз марзу буми аҷдоди хеш намуда, оромиву осудагии кишварро устувор нигоҳ долрем. Дар баробари ин яке аз сохторҳои ќудратие, ки ин рисолати гаронро бар душ дорад ин Вазорати Мудофиа мебошад.
Ин ниҳоди қудратии мамлакат дар вазнинтарин лаҳзаҳо, замоне, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт таъсис ёфт.
23 – феврали соли 1993 дар майдони марказии шаҳри Душанбе аввалин гашти низомии Артиши Миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯз дар таърихи кишвар ҳамчун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардид. Ӽар сол 23-юми феврал Рӯзи таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ҳарчанд баъзе ҳуҷҷатҳо оиди таъсису ташакули Артиши Милли Тоҷикистон баробари соҳибистиқлол гардидани кишвар ба тавсиб расида буданд.
Аз ҷумла, тибқи асноди мазкур Кумитаи Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисман бригадаҳову хадамоти низомӣ дар ин давра таъсис ёфта буданд. Азбаски ҷузъу томҳои пароканда ва сохтор номукаммал буд, Артиши Миллии Тоҷикистон тамоми масъалаҳо ва таъиноти доираи фаъолияти сохторҳои низомиро ифода карда наметавонист.
Баробари ин яке аз фармонҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 18 декабри соли 1992 таҳти №3 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки заминаи ҳуқуқии Артиши Миллии Тоҷикистонро фароҳам овард. Зимни ин фармони мазкур Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастаҳои «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд, ташаккул ёфт. Нарасидани низомиёни касбӣ дар ин давра равшан эҳсос мегардид.
Роҳбарияти давлат сарфи назар аз вазъи печидаи ҳарбию сиёсӣ, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз рӯзҳои аввал ба сохтори ташкиливу бастии артиш ба манфиатҳои миллат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуд. Ин аст, ки заминаҳои асосии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят душвори соли 1993 гузошта шудаанд. Тадриҷан Артиши Милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангин таҷрибаи ҷангӣ омӯхта обутоб ёфт.
Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар мамлакатҳои аъзои ИДМ корро дар ин самт аз сифр оғоз намуд, зеро бо сабабҳои мухталиф ҳам миқдори техникаи ҷангӣ ва ҳам шумораи мутахассисони соҳибтаҷрибаи низомӣ дар кишвар хеле кам буданд.
Рӯзҳои нахустини таъсиси Артиши Милли Ҷумҳури Тоҷикистон воқеан ҳам барои артиш душвор буд. Нарасидани либос, ҷойи хоб, воситаи техникӣ, аслиҳа ва дигар лавозимоти ҳарбӣ ҳар лаҳза эҳсос мегардид, вале афсарону сарбозони матин рӯҳафтода нагашта ба ояндаи хеш бо чашми нек менигаристанд.
Артиши Миллии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳе роҳи пуршарафи таърихиро пушти сар кард, ки он дар таърихи давлат воқеаи нодир аст. Зимни нақшаи хуби тартибдода таъсиси пурраи Артиши Миллии Тоҷикистон зина ба зина сурат мегирифт.
Дар марҳилаи нахуст ҳадафи асосии ташаккули Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаккули нерӯи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин намояд. Вобаста ба таъминоти мазкур гурӯҳҳои муташаккилу зудамал ба арсаи вуҷуд қадам ниҳоданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат ба қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ буд. Дар даврае, ки дар дохили кишвар вазъи ҷамъиятию сиёсӣ хеле мураккабу тезутунд гардида, алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ боло мерафт ва аз ин вазъияти мураккаби дохилӣ душманони хориҷӣ ҳар лаҳза метавонистанд истифода бурда, истиқлолияти Тоҷикистонро зери хатар гузоранд, тавлиди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле саривақти ва талаби замон буд.
Таъсиси чунин қисмҳои низомӣ тақозои замона буд, ки Ватанро низои дохиливу муноқишаҳои шаҳрвандӣ ба таҳрику иғвои душманҳои берунаву дохилӣ ба вартаи ҳалокатбор мекашиданд.
Марҳилаи дуюми ташаккули Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳаллу фасл ва такмили корҳои ташкилӣ, муқаррар намудани номгӯи вазифаҳову муайян кардани таркиби онҳо, инчунин кор карда баромадани низомномаву оинномаҳо ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ иборат буд. Дар ин давра навъҳои асосии қӯшунҳои Артиши Миллии Тоҷикистон, аз қабили Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбиву ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳуҷуми ҳавоӣ таъсис ёфтанд. Махсусан ба таъсиси Қӯшуни таъиноти махсус аҳамияти хоса дода шуд.
Марҳилаи сеюми хотимавии таъсиси Артиши Миллии Тоҷикистон, аслан баъди имзои Созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ байни ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин оғоз гардид.
Вазифаи муҳимтарини дигар, ин мустаҳакам кардани тартибу низом дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, тозакунии сафҳои он, таъсиси қӯшунҳои нави замонавӣ буд, ки дар вазъи кунунӣ, баҳри ҳаллу фасли ин масъалаҳо чораҳои зарурии сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дида шуданд.
silvenpsp.rusferurezki.ru