Санаи 7-уи апрели соли 2019 дар деҳаи Ҳанатароши Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур кушодашавии майдончаи варзишӣ доир гашт, ки он аз ҷониби соҳибкорон оилаи Каримовҳо сохта шудааст. Дар баробари кушодашавии майдонча боз ба 15 нафар кудакони камбизоат туи хатгасури гузарониданд. Раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи ноҳия арзи сипосу миннатдорӣ намуданд ва ба Каримов Фарҳод СИПОСНОМА-и мақомоти иҷроияи ҳокимития давлатии ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур тақдим карда шуд. Ҳамзамон як банди Нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар баробари дигар иншоотҳо ба итмом расонида шуд. Раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур дар баромади худ таъкид намуданд, ки Нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия марҳила ба марҳила амалӣ гашта истодаанд.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|