Главная > Чорабинихо > Таъмини оби нӯшоки барои 250-хоҷаги дар Ҷамоати деҳоти Балхоби

Таъмини оби нӯшоки барои 250-хоҷаги дар Ҷамоати деҳоти Балхоби


10-05-2019, 10:03. Разместил: adminn

 

Таъмини оби нӯшоки барои 250-хоҷаги дар Ҷамоати деҳоти Балхоби

 

Аз тарафи оилаи Зариповҳо кашидани хатти оби нӯшоки дар деҳаи Тутои Ҷамоати деҳоти Балхобӣ барои 250 хоҷагӣ ба итмом расид, ки санаи 5-05-2019 чорабинии кушодашавии он бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур ва аҳолии Ҷамоат гузаронида шуд.
     Дар рафти чорабини раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур дар баромади худ ба ин оилаи Зариповҳо барои саҳми арзанда гузоштан дар маҳал  арзи миннатдорӣ баён карда, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд, ки дар он омадааст:
 

Муҳтарам Зарифов   Юсуф

 

     Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба Шумо ҷиҳати амалисозии сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат дар маҳал арзи сипосу миннатдории самимӣ изҳор менамояд

     Мо дар ҳамкорию муттаҳидӣ, дастиҳамдигаргирию садоқат ба ин миллату давлат метавонем гӯшаеро ободу хуррам намоем.

     Иқдоми созандаи Шумо, бародарону пайвандон ва аҳли ҷамоатчигии маҳал баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи ҳадафии сатҳи ҷаҳонӣ-даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ташаббускори аслиаш Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, қадами боварибахш мегузорем.

  
                                         Бо эҳтиром,                                           Раис Т.  Амиршозода
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад