Рӯзи 22-майи соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид, ки дар иштирок намуданд раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони ноҳия.
Раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур, ба кули ҷавонони ноҳия ин рузро табрику муборакбод намуд ва ба ҷавонони фаъоли ноҳия, ки дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок менамуданд Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим кард. Инчунин ба стипендиягирандагони президенти стипендия, ба ғолибони олимпиядаҳо медал тақдим намуд.
Ҳамзамон дар ҳамин рӯз чорабинии фарҳангии Шоми ҷавонӣ дар мавзӯи Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд доир гашт.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|