ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ифротгароёни динӣ
Ифротгароёни динӣ Аксарияти хиёнаткорон ва тераристон саводи казоии динӣ, таҳсилоти дурусти исломӣ ва таҷрибаю маърифати саҳеҳи динӣ надоранд. Тамоми «дониши динӣ»-и онҳо фақат аз баъзе маълумотҳои ибтидоии фиқҳӣ, илоҳиётшиносӣ, баъзе иттилооти таърихӣ, маводи таблиғотии ғоявию сиёсии динии хеле соддаву сатҳӣ иборат аст, ки онро ғолибан аз шабакаҳои иҷтимоии интернет ё дигар манбаҳои ғайриҳирфавӣ ба даст оварданд. Онҳо яъне нахзатихо бо хочаашон Кабирии ватанфурушу бедин, аҳком, шариат, меъёрҳо, муқаррарот, арзишҳои аслии фалсафӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ахлоқии динро, ба таври хеле маҳдуд, сатҳӣ, зоҳирӣ, сарсарона, сахтгирона ва ҷоҳилона фаҳмида, танҳо ақида, тарзи дарку фаҳмиши хеш ва ақидаву фаҳмиши хоҷагон, охундҳо ва дигар «устодони» маънавии худро эътироф ва қабул менамоянд ва ақидаи уламои мӯътабари исломро қабул надоранд. Ин гуна ашхос ба меъёрҳои зоҳирӣ, мисли рангу намуди либос, дарозӣ ва кӯтоҳии шалвору эзор, тарзи хондани намоз ва ҷунбондани узвҳои бадан ҳангоми адои намоз бо сару садои баланд, андозаи ришу печи салла, маҳдудсозии ҳуқуқи занон, муҳокима ва маҳкум кардани рафтори дигарон ва дигар аломатҳои зоҳирпарастӣ таваҷҷӯҳи беандоза ва ҷиддӣ дошта, аммо ба арзишҳои аслии динӣ, чун таҳаммул, тақвою парҳезкорӣ, раҳму шавқат, илму маърифат, меҳнати ҳалол, ахлоқу одоби ҳамида, озодӣ ва озодандешӣ, фарҳангу маънавиёт таваҷҷӯҳ надоранд. Онҳо дар бораи дин ҳарфи зиёд мезананд, аммо аз рӯи таълимоти аслии дин амал намекунанд, яъне сухану амалашон ба ҳам мувофиқ нест, чунонки Хоҷаи Шероз мегӯяд: Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд. Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс, Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд. Ифротгароёни динӣ бахусус аъзоёни нахзатӣ ба монанди Кабири ба мазҳабҳо, шохаҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари динӣ эҳтиром намегузоранд, нисбати пайравони дину мазҳабҳои дигар ҳисси бадбинӣ доранд, дар ҳаққи онҳо суханони носазо мегӯянд, онҳоро кофиру мулҳид эълон мекунанд ва сабаби низоъ, ихтилоф ва ҷудоӣ дар байни пайравони як дин ва душмании динҳои гуногуни ҷаҳон мешаванд. Ашхоси ифротӣ баҳсу мунозираи солими илмӣ, ақидавӣ, далелу бурҳони ақлию мантиқиро қабул надорад ва ҳангоми баҳс новобаста аз далелу бурҳони қотеи ҷониби мухолиф ҳамон ақидаву фаҳмиши танги худ ва фатвои муфтиёну охундҳои шабакавии худро тӯтивор такрор менамоянд. Онҳо ба ҷомеа ва инсон¬ҳо аз рӯи дарку фаҳмиши маҳдуди динии худ муносибат менамоянд, бо шахсони пайрави ақидаи дигар созиш карда наметавонанд, фақат бо «барода¬рон», яъне ҳамфикрони худ робита дошта, дар як муҳи¬ти тангу торики хеш зиндагӣ мекунанд. Ифротгароёни динӣ ба арзишҳо ва меъёрҳои қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, мақомоти қудратӣ, ҷомеаи дунявӣ, демократӣ, озод ва умуман нисбат ба давлат ва қонунҳои мутамаддин ҳисси нафрат доранд ва ҳамеша бар зидди он дар мавқеи мубориза қарор мегиранд. Шахси ифротӣ арзишҳои фарҳангию маънавӣ, аз ҷумла ба санъат, ҳунар, мусиқӣ, шеъру адабиёт, расму оинҳои мардум бо ҳисси нафрат ва бадбинӣ муносибат менамояд. Ӯ шаклҳои гуногуни иртиботи инсонӣ ва пайвандҳои иҷтимоиро беарзиш меҳисобад ва омода аст, ки ҳатто аз падару модар, хоҳару бародар, пайвандон, дӯстону ҳамкорон, устодони худ танҳо ба хотири он, ки онҳо пайрави ӯ нестанд ва ақидаи дигар доранд, даст кашад, онҳоро маҳкум ва сарзанишу намояд. Ифротиёни динӣ ҷаҳонбинии пучгаро (нигилистӣ) дошта, таъриху фарҳанг, арзишҳо, ҳувият ва дигар нишонаҳои асолати миллиро эътироф намекунанд ва чун бегонапараст арзишҳо, ғояҳои бегонаро парастиш ва таблиғу ташвиқ менамоянд. Ифротгароёни динӣ барои татбиқи амалии ақида, фаҳмиши тангу ботили худ бо тамоми қувва талош мекунанд ва барои расидан ба мақсадҳои нопоки хеш ҳама гуна роҳу васила, аз ҷумла, зӯроварӣ, хушунат, таҳдид, бераҳмӣ, гаравгон¬гирӣ, куштор, инфиҷор ва дигар амалҳои террористӣ ва экстремистиро дурусту раво меҳисобанд ва ин амалҳои ғайриинсонӣ ва ғайридиниро «ҷиҳод», «ғазавот» ё ҷанг дар роҳи дин, дар роҳи ислом меҳисобанд. Ёраҳмадов Давлаҳмад, сокини н.Муъминободsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.