Главная > Хифзи ичтимои > Таълиму тарбияи фарзанд аз нигоҳи дини ислом

Таълиму тарбияи фарзанд аз нигоҳи дини ислом


19-08-2019, 11:36. Разместил: adminn

Таълиму тарбияи фарзанд аз нигоҳи дини ислом

Тарбияи фарзанд яке аз масъалаҳои муҳими ба-шарӣ мебошад, ки наслиинсон тавассути фарзанд идома меёбад. Масъалаи таълиму тарбия дар ҳамаидав-ру замонҳо яке аз муҳимтаринмасоил маҳсуб меёфт, ки волидон ва аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб менамуд. Албатта падару модарон ҳамеша хоҳонӣ он ҳастанд,ки Худованд ба онҳо фарзандони солим ато намояд. Дар ин раванд, падару модар кӯшиш ба харҷ медиҳанд,ки фарзандони бо ақлу соҳибхирадро ба воя расонанд.

Дар айни замон чунин инсонро танҳо бо таълиму тарбияи асил ва сафарбарии се ниҳоди ҷомеа оила, мактаб ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воя расонидан мувофиқи матлаб мебошанд. Аз ин хотир муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи насли наврас ва ояндасозӣ миллат нақшимуҳим мебозанд.

Ба ин хотир дар назди Ҳукумат вазифаи пешгирӣ кардан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ба миён омад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид.

Танҳо ин Қонун метавонад падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеаро дар таълиму тар-бияи насли наврас вазифадор намояд. Аз ин ҷост, ки тибқи қонуни мазкур ягон фарзанд аз доираи фарогирии он ба таълиму тарбия дар канор нест.Ба зиммаи падару модар Қонун масъулияти муҳими ягона, яъне тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандро вогузор кардааст.

 

Директори муассисаи №17Рауфова Ҷ

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад