Ахолии кобили мехнат:
Дар солҳои 2009-2012 зиёдшавии шумораи аҳолӣ ба ҳисоби миёна 2,6 фоизро ташкил медиҳад, ки ба ташаккули бозори меҳнат таъсири бевосита мерасонад. То 1.11.2012 аҳолии ноҳияи Мӯъминобод ба 80500 нафар расида, аз ин шумора то 15 сола 28673 нафар ва 15 сола то синни нафақа 45027 нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии аҳолӣ 48,0 фоизашон захираҳои меҳнатиро ташкил дода, дар ташкилоту муассисаҳо 390 нафар нафақахӯрон кор мекунанд.
Баробаркуниҳои захираҳои меҳнатии ноҳияи Мӯъминобод барои солҳои 2009-2012
Таҳлил нишон медихад, ки афзоиши аҳолӣ соли 2012 дар қиёс ба соли 2009, 2,9 % ва захираҳои меҳнатии ноҳия 48,0 фоизи шумораи умумии аҳолии муқимиро ташкил дода, дар чор соли охир 6,3 % зиёд шудааст. Дар тӯли солҳои таҳлилӣ шумораи миёнаи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 2,3 % зиёд ва шумораи муҳоҷирати меҳнатӣ 12 % нисбати соли 2012 кам шудааст. Мушкилоти асосии соҳа сол то сол зиёдшавии шумораи аҳоли қобили меҳнати бешуғл ва набудани ҷои корӣ мебошад (дар соли 2012 нисбат ба соли 2009 3 % зиёд шудааст). Сабаби асосии ин паст будани маоши кормандони соҳаҳои дахлдор, махсусан соҳаҳои иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва ғайра мебошад. Дар баробари ин захираҳои меҳнатие, ки ба бозори меҳнати дохил мешаванд, афзоиш ёфта ва шумораи ками онҳо ба ҷои кори доимӣ таъмин мегардад. Бозори меҳнатии расмии Мӯъминобод наметавонад ба бозори меҳнатии ғайрирасмӣ (мардикорбозор) рақобат намояд. Чунки дар бозори меҳнатии расмии музди меҳнат дар сатҳи бисёрапаст аст, ҳол он ки як мардикор дар як рӯз метавонад аз 50 то 70 сомонӣ маблағ ба дасторад, дар ҳолате, ки музди меҳнати як нафар корманди тиб 360 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад.
Шумораи аҳолии дар иқтисодиёт расман машғулбуда.
Аз таҳлили ҷадвал бар меояд, ки беш аз 87,2 фоизи кормандон дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият менамоянд. Зеро ноҳия аграрӣ буда қариб 84,5 фоизи аҳолии он дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Дар соҳаи маориф (4,8 %) ва дар соҳаи тандурустӣ (2,4 %) фаъолият мекунанд. silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|