Главная > Хифзи ичтимои > Мирзодикаки Салимпул

Мирзодикаки Салимпул


19-11-2020, 16:24. Разместил: admin

 

Мирзои Салимпур аз соли 2000 дар дафтари радиои Озодӣ дар Душанбе ва аз соли 2002 дар маркази радиои Озодӣ дар Прага кор мекунад. Соли 1969 дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон ба дунё омадааст. Мирзои Салимпур солҳост, ки дар хориҷи кишвар нисбати сиёсатӣ имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадс мезанад ӯ кист дар паси ӯ ки истодааст инро мехоҳем ба ҳамагон маълум намоем. Мирзои Салимпур худро дар оғуши хунин Ҳизби мамнуъи наҳзати ислом партофтааст худ намедонад, ки алакай қурбони ин гургони даранда шудааст.

То ҳато иттилое ҳам дорем, ки ӯро аз радиои озодӣ барои ҷосус буданаш аз кор пеш карданд. Ҳамааш маълум зеро чоҳ кан зери чоҳ гуфтаанд гузаштагони мо дар ягон давру замон ҷосус ватанфуруш обру ва эътибор надошт ва нахоҳад дошт. Мирзои Салимпур аз зумраи чунин ашхос мебошад, ки айни замон бо роҳбари Ҳизби мамнуъи наҳзати ислом Муҳиддин Кабари тамоми талошро карда истодааст, ки мардуми осоишта ва ороми тоҷикро ду бора ба чанголу гургонҳои даранда партоянд. Албата тирашон ба хадаф намерасад зеро миллати тоҷик як бор чунин рӯзҳои сангинро пушти сар кард. Чи қадар тоҷикон ғариб шуданд то ҳол қабристони ғарибони миллати тоҷик дар хоки ҳамсоякишвар Афғонистон вуҷуд дорад.

Магар Мирзои Салимпур, Муҳидин Кабири шарм намедоранд аз арвоҳи ҳамон ғарибоне, ки имрӯз ҷасади онҳо дар хоки ғариби ҳастанд. Барои ифротгаро миллатфуруш ватанфуруш дину эмон ватану модар фарзанд ва хонадони обод фарқе надорад. Чунки ин ватанфурушон алаки худро фурухтаанд алакай ғуломи хоҷагони хориҷии худ шудаанд. Пас бояд ҳар як соҳибақл андеша кунад, ки ин гуна шахсон дар таърихи миллати худ хиёнат ба ватан ба миллат кардаанд.

Тоҷикистоне, ки ингуна ашхосро дар қалби поки худ ба воя расонд бинед, ки ин фарзандон чи гуна ба ин ватани маҳбубашон санг меандозанд барои як маблағи ночиз имрӯзҳо инҳо аз он фахр мекунанд, ки инҳо гуё ғамхори миллати тоҷик ҳастанд: не албата тоҷик дар асл ватанфуруш набуд инҳо ҳамон ашхосе ҳастанд, ки худро қурбони хоҷагони худ кардаанд, ки дигар роҳи бозгашт надоранд. Дигар мардуми тоҷик он мардуми солҳои 90-ум нест, ки бо дасисаҳои ҳар гуна ашхос ватанфуруш ватни хешро ба хоку хун оғушта кунанд.

Имрӯз мардуми тоҷик насли наврас сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои-миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода баҳри ободии ватан кушиш ба харҷ дода истодааст. Миллати тоҷик аз азал миллати сулҳҷу оромтабиат ватандӯст бо нанг далеру ғаюр буд ва хоҳад монд. Ҳеч гоҳ офтобро бо парда пушида намешавад афроде чун Салимпур ва Кабири дар таърихй мардуми тоҷик то абад ҳамчун душман ва хоини ватан шинохта хоҳанд шуд.

Ва мо омӯзгорон кушиш мекунем, ки наслҳои ояндаро дар роҳи ватандӯсти механпарасти тарбия ва ба камол расонем. Албата бояд ҳар як фарде, ки дар хоки муқадаси Тоҷикистон ба воя мерасад худшиносии милли ва меҳри ватандори дошта бошад то ки ба доми ин гуна ашхоси гургсифат наафтан.

сокини н.Муъминобод ҷамоати Балхобӣ Бозоров Б.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад