Главная > Хифзи ичтимои > Кистанд он наҳзатихои хоин?!

Кистанд он наҳзатихои хоин?!


19-11-2020, 16:33. Разместил: admin
Кистанд он наҳзатихои хоин?! Ҳоли дунёро бипурсидам ман аз фарзонае, Гуфт ё шамъ аст, ё ваҳм аст, ё афсонае. Кистанд онҳо, ки аз дунболи ин дунё шуданд? Гуфт: ё ки кӯранд, ё ки мастанд, ё ки худ девонае! Мардуми асили тоҷик доимо аз пайи зиндагию луқмаи ҳалоли касбӣ ва кору вазифаи ҳаётиашон ҳастанд. Аз ин рӯ, қариб тамоман вақти тамошои телевизион ва ё хондани интернетро надоранд. Дирӯз дар бораи як ватанфурӯши хоини миллат Махмадикболи Садриддин (хайфи номат), ки дар тоҷик гуфтани ӯ нафратамон меояд, чанд сухане шунида, бисёр дар қаҳр шудам. Ин хоини миллат бахусус зери рохбарии Кабирии хоин аз ким кадом давлати хориҷӣ бо хоҷагони хориҷии маблағгузораш давлати азизи дилу ҷони моро санги маломат задааст. Баъди хондани суханони иғвоангезонаю бисёр нобахшиданиаш нафратамон ба ин хоинони аз дину оин садсолаҳо дур боло гирифту қалам ба даст гирифта, мақсадамонро гуфтанӣ шудем. Навиштаамонро барои он “Кистанд онҳо” мондем, ки шумо хонандагони гиромӣ донед, ки чунин касон дар асл кӯру девонаанд. Девонаи мансаб, вазифа, пулу давлат ва фоҳишагиву гумроҳкунии мардуми нодон. Нодон ба он маънӣ гуфтам, ки касе ба гуфтаи ин нокасон бовар кунад дар ҳақиқат ҷоҳилу нодон ва хуруфотпарасти беақл аст. Эй нокасони нони бегона хӯрдаи ватанфурӯши наҳзати хусусан Кабирии хоин оё шарм намедоред ва аз Худованди бузургу тавоно наметарсед, ки аз садҳо фарсах роҳи дур истода, ин миллати меҳнаткаши ба мақсад расидаро гумроҳ карданӣ мешаваед?! Магар намедонед, ки тоҷики асили бузург имрӯз Истиқлолияти асили давлатӣ дорад. Ӯ имрӯз соҳиби ҳама бузургиҳо ва дороиҳост. Ӯ дигар мисли шумо кӯру масту девона нест, ки муҳтоҷи каси бегона бошад ва аз пайи дунё давону равон гардад. Тоҷик имрӯз нони ҳалоли меҳнатии обу дону замини худашро мехӯраду шукри ваҳдату Истиқлолияти давлатиашро мекунаду дар паҳлуи Пешвои муаззамаш, ки нозиру нигаҳбонаш аст, кору зиндагӣ мекунад. Аз ин рӯ мо ҳамчун як фарди одии ин миллат гуфтанием, ки албатта тиратон мисли кору пайкори пешинаатон хок хоҳад хӯрд ва ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки дунёталабонаатон нахоҳед расд. Эй миллати асили тоҷикам ҳеҷ гоҳ ба ин ватанфурӯшон аҳамият надиҳед ва фарзандону наздиконатонро насиҳати инсонона кунед, то ба гапҳои ин хоинон гӯш надиҳанд. Бояд шумо дарк карда бошед, ки дар солҳои навадум кӣ азоб ва уқубати сангинро дид, албатта мову шумо мардумони коргару деҳқону зиёиёни асил. Ин хоинон дар ҳамон давра ҳам аз ҳисоби мову шумо зиндагии шоҳона карданду имрӯз ҳам дар хориҷа дар паси хоҷагонашон ба айшу ишрату фисқу фосиқӣ машғуланду боз мехоҳанд, ки моро гумроҳ кунанд. Боварӣ дорем, ки халқи азизам дигар ба гапҳои авомфиребонаи онҳо дода намешаванд! Мову шумо бояд якҷоя шуда ба ин иғвоҳои миллатфурӯшон ҷавобҳои сангину оташин бидиҳем, то онҳо донанд, ки миллат дигар гумроҳшаванда нест, то ин ватанфурӯшон аз ҷорзаниҳояшон бимонанд. Эй азизон мо бояд мисли ин бадгуҳарону бадгӯён сахтгӯй бошем, то онҳо дарк кунанд, ки мо имрӯз кистем. Акнун огоҳ бошед, ки халқи бузурги тоҷик минбаъд мисли гуфтаи Ҳофизи бузургвор тамал хоҳад кард: “Г уфтам бирав, ки гӯш ба ҳар хар намекунам.” Имрӯз мақсади халқи азизи мо танҳо ва танҳо тинҷиву амонӣ, осудагӣ, зиндагии шоиста, меҳнати ҳалол ва дӯстдории Ватану Пешвои муаззамаш асту бас. Зинда бод халқи асили тоҷик! Зинда бод Ваҳдату Истиқлолияти давлатии тоҷикон ва Пешвои муаззами миллатамон! Гурӯҳи омӯзгорони ноҳияи Муъминобод.silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад