ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Пешгирӣ намудани нооромии давлат на танҳо вазифаи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҳамаи мост.
Имрўз мо дар шароити торафт печидаву мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, аз ҷумла шиддат гирифтани муборизаҳои геосиёсӣ миёни давлатҳои абарқудрат, хусусияти муташаккил ва боз ҳам хатарноктар гаштани терроризму экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои нав таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот барои тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла барои Тоҷикистони мо ба масъалаи аввалиндараҷаву ҳаётӣ табдил ёфтааст.
Чунин вазъ аз ҳар фарди бедордилу худшиноси ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба таълиму тарбияи фарзандон муносибати ҷиддӣ намоянд ва дар роҳи ҳимояи давлатдории миллиамон ҳамеша омода бошанд (3).
Пешвои муаззами миллат муҳимияти самти фаъолияти мактабу маориф барои тарбияи насли наврас, ки ҷавобгўи талаботи замон мебошанд, дар баромаду дастурҳои таъкид менамоянд: "Дар баробари ин, Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар синфҳои равияи дақиқу табиатшиносӣ дарси шоҳмотро ҷорӣ карда, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми таълими фанни технология азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, дӯзандагӣ, колинбофӣ, адрасбофӣ, чакандӯзӣ, махсусан, ҳунари пухтани таомҳои миллӣ ва дигар нозукиҳои рӯзгордориро ба роҳ монда, ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии ин фан иловаҳо ворид намояд.
Ҳамзамон бо ин, ҳар шаш моҳ дар байни хонандагон озмунҳои чевари беҳтарин, кадбонуи моҳир ва монанди инҳоро гузаронида, доир ба дастгириву ҳавасмандгардонии моддиву маънавии ғолибон чораҷӯӣ намояд.
Баргузор кардани чунин чорабиниҳо завқи хонандагонро ба касбу ҳунаромӯзӣ бештар карда, дар оянда ба рушди сайёҳӣ таъсир мерасонад ва боиси зиёд шудани маҳсулоти ватанӣ барои сайёҳону меҳмонон мегардад”. Ин сиёсати оқилонаву дурбинонаи сарвари давлат ва роҳбарияти давлати мо барои тарбияи насли наврас дастури муҳим ба шумор меояд. Чунин талаботи мактабу маорифро ба назар гирифта, макотиби олии кишвар, хусусан, донишгоҳҳои омўзгориро зарур аст, ки самти омодакунии кадрҳои омўзгориро, ки ба талаботи мактаб ҷавобгў бошад, муайян намояд, зеро калиди муваффақият дар ин соҳа ба дасти омўзгор аст. Омўзгори имрўза ҳамаҷониба ба талаботи давру замон мувофиқ кор кунад, то насли наврасро тибқи ин талабот ба пеш барад, ба зиндагӣ ва кору фаъолияти мустақилона ҳидоят намояд. 
Донишҷўи имрўза муаллими фардо мебошад ва ў соҳиби маълумоти олӣ, дониш, ҷаҳонбинии фарох ва пухтаи сиёсӣ бояд бошад. Якчанд талаботи муҳим дар самти тайёр кардани кадрҳо бояд дар назди мактаби олӣ гузошта шавад:
Кадрҳои донишгоҳ, мактабҳои олӣ мутахассиси хуб бошад;
Кадри донишгоҳ, мактабҳои олӣ соҳиби унвонҳои илмӣ, одамони дорои ақидаи устувор, ҷаҳонбинии фарох бояд бошад;
Донишҷўён саводи хубу пухтаи сиёсӣ дошта бошанд;
Донишҷў бо забони адабии модарӣ мусаллаҳ бошад;
Донистани забони русӣ ва хориҷӣ (ақаллан 1-2 забон) ба ҳар мутахассис зарур аст;
Дар ҷавонон  мо бояд ахлоқи ҳамида, сифатҳои неки инсониро тарбия намоем;
Ҷавононро дар руҳияи ғоя ва ғурури миллӣ тарбия намудан дар мадди назари устодон ва макотиби олӣ бояд бошад.
Вазифаҳои болоиро ба назар гирифта, роҳбарони макотиби олӣ ва устодону олимонро  зарур аст, стратегияи таҳсилоти олиро ба дараҷаи нав тибқи талаботи давлату ҳукумат ба роҳ монанд. Барои ин бошад, фаъолияти устодон ва маъмурияти донишгоҳҳоро дар самтҳои зарурӣ равона намудан зарур аст. 
Якчанд нуктаҳое, ки зикр намудем, барои таъмини амнияти миллии мо мусоидат менамояд. Зеро мутахассиси хуб дар ҳама ҷо ва дар ҳама кор зарур аст. Кадрҳои худии мо барои амният ва истиқлоли иқтисодии ватанамон хеле муҳим мебошад. Тайёр кардани кадрҳои зарурӣ дар хоҷагии халқ ва саноати ватанӣ кори басо муҳим, ҷиддӣ ва ояндадор буда, аз масъулини соҳа талаб менамояд, ки роҳҳои босамари ташкили ин корро ҷустуҷў ва роҳандозӣ намоянд, дар ин роҳ аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта омўзанд.
Аз ҷиҳати сиёсӣ устувор будани насли наврас барои таъмини бехатарӣ, амнияти миллӣ ва таъмини оромиву осудагӣ дар кишвари мо заминаи зарурӣ фароҳам меорад. Хусусан, дар айёми имрўза, ки терроризм ва экстремизм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, аз хатари он пешгирӣ намудан на танҳо вазифаи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҳамаи мост. Дар шуури ҷавонон ҷо гирифтани таблиғоти бегона, зўроварӣ, шавқи молу мулкпарастӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, бекорӣ оқибатҳои нохуш дорад. Бояд тамоми ҷомеаро зарур аст, ба ин падидаҳо мубориза баранд, давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои сари вақт решакан намудани чунин падидаҳо тамоми қудрати худро ба кор барад. Робитаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суду прокуратура бо макотиби олӣ, мактабу омўзишгоҳҳо пайваста ҳамкорӣ намояд, саводи ҳуқуқии насли наврасро баланд бардоштан зарур аст. Дар ин самт бахши кор бо ҷавонони ҳукумати маҳаллӣ ва мамлакат, шуъбаҳои кор бо ноболиғони идораҳои корҳои дохилӣ нақши муҳим доранд ва мутасаддиёни ин самтҳо мунтазам дар байни насли наврас бошанд ва аз руҳияи наврасону ҷавонон огоҳ бошанд, то ки дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва гароиши онҳо ба ҳаракатҳои ифротгароӣ вазифаи худро адо карда тавонанд.
Имрўз рў овардан ба фарҳанги миллӣ, ки дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим дорад ва муҳим будани онро сарвари давлатамон таъкид менамояд: "Дар шароити кунунӣ ба омӯзиши фарҳанги миллӣ ҳамчун омили муҳимми рушди маънавии шахсият таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур аст. Зеро ташаккули ҳисси зебоишиносӣ ва дарки амиқи фарҳанги миллӣ дар зеҳни хонандагон эҳсоси баланди ватандӯстиро бедор намуда, онҳоро ба омӯхтани осори адабиву фалсафӣ ва иҷтимоиву маънавии мутафаккирони гузаштаи халқамон водор мекунад” (4).
Ин нигоҳ, ин муносибат бояд мавриди омўзиш ва мубоҳисаи соҳаҳои дахлдор гардад, то барои амнияти миллии Тоҷикистон ва ба оромиву тинҷии ҷомеа хизмат намояд. 
Сарвари давлат изҳор менамояд: "Мову шумо бояд як қувваи ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор карданӣ мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурданӣ мешаванд, ҳушдор диҳем”. 
Имрўз хатари гуруҳҳои ифротгаро, экстремизми динӣ, дар ниқоби ислом амал намудани террористон барои ғарази сиёсии худашон ва геосиёсӣ ҳукумат ва мардумро дар ташвиш монондааст.

Директори муассисаи таълимии № 37:    Бегов Ҳасан
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.