Таълиму тарбия воқеан ҳам раванди басо мураккаб, пуртазод ва заҳматталаб аст, тадқиқот, нерўи зиёд ва ҷидду ҷаҳди пайвастаро мехоҳад. Чуноне, ки Пешвои миллат Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон Э. Раҳмон қайд кардаанд: "Ба таълиму тарбияи шоиста ниҳодҳои гуногун масъуланд, вале аз ин миён се ниҳоди сиёсӣ мавқеи марказӣ ва ҳалкунанда дорад. Таълиму тарбия дар пайвастагии се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа руҳу равони воқеӣ пайдо мекунад”.
Оила саргаҳи худшиносию худогоҳии ҳар як ҷавонони имрўза аст. Дар тўли садсолаҳо оилаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё овардаанду ба камол расонидаанд, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башар хизматҳои зиёди таърихиро ба анҷом расониданд.
Дар иддае аз оилаҳо таассубу хуруфоти динӣ ҳукмфармост, то ҷое, ки барои фарзанд ба ҷузъ аз рўзаю намоз ва суннатҳои динӣ ҳамаро нозарур медонанд дар ҷомеаи имрўза ин гуна оилаҳо хатарноканд. Ҷомеаи имрўза асри технологияи навин, идеологияи навин, асри эҷодиро аз сар гузаронида истодааст.
Имрўз модарони моро зарур аст, ки ба дастовардҳои истиқлолият, пойдевори давлати миллӣ сулҳу субот, ваҳдат, тинҷию амониро дарк намуда барои боз ҳам мустаҳкамии ҷомеа фарзандони худро дар руҳияи ҳушёр будан, худогоҳу худшинос будан, арзишҳои миллиро пос доштан тарбия намоем.
Наврасонро тарбия намуда, барои ҳаёт омода сохтан ин як санъату маҳорати бузург аст. Аксари ҷавононе, ки дар биёбонҳои араб меҷанганд, зархариданд. Барои онҳо дину оин , имону инсонгарӣ воситаи пулу сарват ба даст овардан аст. Ин гуна ҷавононро шахсоне гумроҳ мекунанд ва мехоҳанд ба ҷамъият хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Раванди ифротгароӣ ба монанди терроризм, экстремизм, ҳаракатҳои ваҳҳобияю салафия ҷомеа ва ҷавононро ба сўи исломи сиёсӣ кашида истодааст.
Худи табиати исломи сиёсӣ тафриқаандозӣ аст. Имрўз ҷавонони моро зарур аст, ки дар руҳияи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, содиқ будан ба Ватанро талқин намояд. Инсон дар тамоми давру замон эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Коҳишёбии маънавиёти баъзе аз ҷавонони имрўза худ гувоҳи он аст, ки ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла, оила масъулияти дар назди худ гузоштаро иҷро карда натавонистааст.
Мо тавассути садо ва симо мебинем ва мешунавем, ки дар чанде аз мамлакатҳои хориҷӣ ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ҳамроҳ шуда, ба одамкушӣ шиддатнок кардани муҳит даст мезананд. Имрўз оилаи тоҷик дар ҳувияти фарзандонашон инсондўстӣ, ҳушёрӣ, ватандўстиву хештанпарвариро талқин намоянд. Фарзандонашонро масъулиятшинос дар ҷомеа пешкаш намоянд. Пайвастани идаае аз ҷавонон ба гурўҳи ифротгаро, ки ба ҷони худ ва ба ҷони дигарон раҳм накарда дар ҷаҳон тухми даҳшат мекоранд ва ноогоҳона ба манфиати бозингарони бузурги геополитикӣ амал менамоянд ҷои таассуф аст. Масъалаи тарбияи ҷавонон масъалаи мубрами рўз аст. Ниҳодҳо аз ҳамдигар канораҷўйӣ накунанд, ба ҳам занҷирбанд гашта дар руҳияи ҷавонони имрўза худшиносӣ ва худогоҳиро талқин намоянд.
Таҷрибаи даҳсолаҳои охир собит месозад, ки танҳо он кишварҳое ба дастовардҳои бузург ноил гаштаанд, ки ба ҷавонон таваҷҷўҳи бештар намуданд. Дар ҷумҳурии мо таваҷҷуҳ ба ҷавонон ба тарбияи шоистаи эшон меафзояд. Ин башорат ва фардои шукуфони соҳибистиқлолии мост. Тафаккури ифротӣ , гурўҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои терористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрўз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор доданд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ва умумиҷаҳонӣ гирифтааст.
Воқеан, терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Фоҷеаҳои нангини чанд соли охир, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик ба вуқўъ пайвастааст, ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад. Дар ин замина, тарбияи дуруст ва дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас вазифаи ҷонии мо омўзгорон, ба шумор меравад. Гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, ки ҷаҳонро ба таҳлука андохтаанд, дар таърих дар ҳама давру замон бо ҳар ном амал мекардаанд, ки ҳадафи асосси онҳо аз байн бурдани якпорчагии давлат ва қатлу куштор ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳокимиятро ба даст оранду ҷамъиятро ноором намоянд. Дар замони муосир аксари гуруҳҳои террористӣ ба қатлу куштори халқи осоишта машғуланд ва бо номи ислом ин амалҳои нангинро иҷро мекунанд. Қисми зиёди ҷавононе, ки ба ин гуруҳҳо шомил гардидаанд, на дониши кофии исломӣ доранду на дониши фарохи дунявӣ. Боваъдаҳои пуч, ки оқибаташ танҳо марг аст, онҳоро фиреб менамоянд.
Директори муассисаи таълимии № 25 Ҷобирова Зайнура
silvenpsp.rusferurezki.ru