ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ватанфуруш паймону иттиход надорад?
Мо мардумони оддии кишвари осуда аз кори ин хиёнаткорони ватанфуруши Хизби нахзати ислом, Анчумани Озодандешон, Чунбиши Ислохот ва Рушд ва Анчумани мухочирони Осиёи Миёна (эътилоф) иттиходкунанда хайронем! Инхо барои кадом ягонагй, иттиход, мувофикат ва дусти дар зери химояи ачнабиёни хоричиашон аз миллату давлати худ иттиход мехоста бошанд?! Ин бадкирдорон кадом истиклолиятро мегуфта бошанд? Магар ин хоинони Ватан намедонанд, ки мо аллакай 27-умин солгарди Истиклолияти давлати чоночонамонро дирузакак чашн гирифтем ва иншооллох таъоло садсолахои дигар чашнаш хохем гирифт. Онхо боз чи гуна истиклолият сохтани бошанд? Истиклолияти хунин? Бас аст ин бегонапарасти ва хиёнатхо. Агар дар асл Ватани озоду обод хоста бошед, биёед якчоя муттахид шавем ва ин Ватани чоночонамонро ободон кунем. Асосгузори Сулху Вахдати Милли - Пешвои муаззами миллати точикон мухтарам Эмомали Рахмон дар хар як суханронихои пурмухтавояшон аз вазъи нооромии олам сухан огоз менамоянд ва таъкидаш хам гаштаву баргашта дар хусуси роххои дур шудан аз бегонапарастихову гуруххои ифроти, мебошад. Барои мо ватандорони асил бояд ин гуфтахои Пешвои муаззамамон хам фарзу хам вочиб бошад. Мо бояд бахри ин Вахдату Истиклолият, ки имруз насибамон гардидааст, захмат намоем ва онро устувортару мустахкамтар гардонем. Ман хамчун як сокини оддии ин кишвари азиз, аз китоби мукаддаси «Авесто», ки дар ким кадом як газета хонда будам, мисолеро меорам:-«Дар даруни одами ду фариштаи хамзод нухуфтаасту яке аз онхо уро ба тарафи хайр ва дигаре ба тарафи шар мекашад, ва ин кашокаш дар вучуди у то рузи марг хамчунон баркарор аст». Ачаб сухани олие. Касе, ки фариштаи шарро рохбар карда бошад, ана хамин тавр кашмакашро медонаду халос. Вазифаи хар як фарди боору номус ин фариштаи ба тарафи хайр кашандаро дар ин шабу руз бояд дар худ парварда, барои ободии диёр кушиш намояд. Дар даврахои пеш хам мисли ходисахои имрузаи руи олам дар натичаи зиддиятхои мазхабию кабилави чойи хукумати муттамарказро гуруххои бо хам зид (мисли давлатхои озираи шарки наздик, давлати исломи, гуруххои шиагариро, салафия ифроткорихои гуруххои гуногун) гирифтаанд, ки олихимматии чавонмардона аз байн рафт. Аз рахму шафкат, анъанаву одати мардум дигар нишоне хам намонд, эътибори динхову мазхаб ва шахсони обруманди кабли кохид. Дар чунин шароит дар чомеъа аксаран гуруххои мухталифе пайдо мешаванд, ки рохи халли гуногун ва баъзан мухолифи хамдигарро масоили давлат пешниход менамоянд, ки ба халли мушкилот чандон натича шуда наметавонад. Аз ру хукамо мегуфтанд, ки дар ин маврид инсонхо бояд хайрхохи якдигар бошанд, дар атрофи як касс чамъ шаванд ва хамаро хохару бародари якдигар донанд. Аз ин ру мо мардуми оддии ин Ватан ба ин гуруххои чудоиандоз гуфтанием, ки биёед муттахид шавед, ва ин Вахдату Истсклолияти азизро пойдортару мустахкамтар гардонед ва мо мардумони одди дар зери ливои ин Ватан осуда зиндаги намоем. Оё шумо доноёни вайронкори вазифаву мартабаталаб намебинед ин ходисахои вайронкоронаи ачнабиёни пуркудратро, ки холи мардуми оддиву давлатхоро ба кадом варта овардаанд. Аз бузурге пурсиданд: «Оё дуст доштани душманони худ, онхое ки мухолифи моянд, лозим аст?». Гуфт: Ба хеч вачх. «Ба адолат одилона чавоб дихед, ба мухаббат бошад бо мехрубони. Вагарна хайрхохии худро бехуда сарф менамоед». Хатто хукамои бузурги точик мухаббати бетафовутро харобкунандаи асосхои чомеъа медонистаанд, ки айнан гуфтахоро мо имруз дар байни баъзеамон мебинем, ки ба мухаббату мехрубонии давлату Ватанамон бепарвои зохир менамоянд. Бегонапарасти, хиёнати пинхони варзанд, худро дар огуши бегона партофтан ва аз душман мадад хостан ин аломати мунофикон аст. Дар Сахехи Бухори ва Муслим хадисе омадааст: «Аломати мунофик се чиз аст: чун сухан рондан дуруг мегуянд, чун ваъда кунад, хилоф меварзад, вакте эътимод карда шавад хиёнат мекунад», ки ана хамаи ин гуфтахоро мо мардуми одди дар симои хамин бо ном ватанхохон ба пурраги дида истодаем. Ватанфуруш ва чудоиандоз хеч гох голиб нашуда буд ва иншооллох хеч гохи дигар хам голиб намешавад. Табаров Олимчонsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.