Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Имрўз тамоми мардуми соњибватани бономуси миллати тољик як рўзи таърихии фарањбахшеро бо њамроњии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї, Президенти мањбуби кишварамон интизору мунтазиранд.
Рўзи 16 ноябри соли 2018 бакордарории агрегати аввали НОБ-и Роѓун дар таърихи давлати соњибистиќлоли Љумњурии мо ба хати заррин навишта
хоњад шуд. Мардуми соњибдавлати тољик ин санаи таърихиро дер боз интизор буданд. Акнун давраи комёбї, шукуфої, ифтихордорї ва бурдбории давлати
абарќудрати тољикон оѓоз гардид. Акнун «Нури миллат» нурафшонии худро оѓоз хоњад кард.
Мо мардуми саодатманди ноњияи Муъминобод бо сардории раиси мардумии азизамон НОБ-и Роѓунро «Нури миллат» номгузорї намудаем ва боварї њам дорем, ки ин нур дар оянда тамоми мардуми моро нурафшонии дунявї хоњад намуд ва ин нури тољик ба дурињои дури кишварњои олам хоњад рафт.
Аз рўзњои аввали Истиќлолияти давлатамон, ки хеле рўзњои вазнину сангин буданд, мо мардуми асили тољик бо роњбарии ќавии Пешвои
муаззамамон, ана њамин рўзи бузурги таърихиро интизор будем. Мо боварии комил доштем, ки Пешвои муаззами мо бо якљоягии халќи ќавииродаи мењнаткаши тољик аз уњдаи ин вазифаи нињоят душвору сангин, ки давлату њукумат на маблаѓ дошта на захира, мебарояд. Мо бовар доштем, ки ин марди хиради Худодод давлатро аз вартаи тамоми душворињо мебарорад ва «Нури миллат»-ро, ки орзуи чандинсолаи мардум аст, ба кор медарорад. Инро медонистем, ки ин марди хирад пешвоест, ки халќро аз њама вартаи ноумедињо халос менамояд. Аз ин хотир ба њама душворињо тоб меовардем ва орзуи нуњуфтаамонро дар дил мепарваридем. Медонистем, ки:-
Сабр сўи шањри саодат барад,
Њар ки кунад сабр зиёдат барад.
Акнун сабри миллати азиз ва такопўњои шабонарўзии Пешвои муаззами мо бор дод ва халќ ба тамоми орзў, маќсад, маром, ният ва таманноњои худ расид. Аз имрўзу рўзњои дигар сар карда, дар Тољикистони азизи дилу љони мо бояд тўйу сурур партавафшонї намояд.
16 ноябр, ки Рўзи Президент эълон шуда буд, акнун «Рўзи нури Президент» хоњад шуд. Мо мардумони сарбаланди ноњияи Муъминобод ин рўзи фирўзро аввалан ба Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї, Президенти Љумњурии Тољикистони азизамон ва сонї ба тамоми мардуми боору номус ва сарбаланди тољик табрику муборакбод менамоем. Аз Худованди муттаол таманно менамоем, ки ин бурдбории мардуми моро абадї бигардонад ва тамоми бадбинони миллати азизи моро њидоят бинамояд, пойдории давлатамонро бо роњбарии Пешвои муаззамамон устувортару ќавитар бигардонад!
«Нури миллат» ба ҳамаи тоҷикони олам муборак бошад!
О. Табаров-сокини ноҳияи Муъминобод
silvenpsp.rusferurezki.ru