| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Дар санаи 8-декабри соли 2018 дар деҳаи Шаҳринав кушодашавии хатҳои оби нӯшокӣ гузаронида шуд. Дар чорабини раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд дар якҷоягӣ бо мардуми деҳаи Шаҳринав ширкат варзиданд. Хати оби нӯшокӣ аз дарозии зиёда 3-ҳазор метр кашонида шуда ба 44-хоҷагӣ тақсим карда шуд.