ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Шаҳрванд кист?

Тоҷикистони озоди соҳибистиқлоли кишвари озоандешон имрӯз шукри худованд тинҷу ором, осудаву амн ва рӯ ба пешравию тараққӣ аст. Мо шаҳрвандон имрӯз аз ҳама ин осудагиҳо шукргузор буда, аз аз давлату ҳукумат ва пешвои муаззамамон барои чунин оромию осудагӣ миннатпазирем. Дар кӯчаву бозор мардум танҳо аз тинҷиву амонӣ ва ва осудагӣ ҳарф мезананд ва аз ҳама ин ободкориҳое, ки ирӯз ба баракати истиқлолият ба даст омадааст меболанд. Сохтмони нақбҳо, роҳҳои нави замонавӣ, мактабу бунгоҳҳо, варзишгоҳҳову истироҳатгоҳҳо, хонаҳои зебои баландошёнаву боғу гулгаштҳо, НОБ-ҳои хурду калон, заминкушоиҳои бекарон, обёришавии заминҳои ташналаб ва ғайраву ҳоказо бунёдкориҳо ифтихори шаҳрвандони имрӯзаи Тоҷикистони дилу ҷон ба шумор меравад. Агар аз рӯи ақли комилу нокомил бигирем касе, ки заррае дар вуҷудаш хуну номуси миллии тоҷикӣ дошта бошад танҳо шукр мекунаду ифтихор. Дар ҳақиқат зандагии имрӯзаи тоҷикистониёне, ки танҳо дар фикри зиндагии накӯву ороманд, имрӯз беҳтарин айём аст. Мо мардумони оддии ватанхоҳ танҳо дар фикри оромиву осудагием ва намехоҳем, ки касе имрӯз ба сари мо шаҳрвандони тоҷикистонӣ санги маломат бизанад.

Имрӯз аз интернет паёмеро бо номи "Қатъномаи поёни гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин” хондему аз бо ном шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Аврупо шармамон омад. Аввал он ки шумо бегонапарастон ҳаққи худатонро шаҳрванди Тоҷикистон гуфтан надоред! Дуввум номи шаҳрвандии тоҷикистониро ба худатон олуда ва бадном нагардонед, зеро шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ барои шӯру футур андохтан гирди намеояд. Саввум шахсеро мегӯянд, ки дар он макон зиндагӣ дорад ва нону оби ҳалол мехӯрад. Шумо бошед аз Аврупо бо номи шаҳрванди тоҷикистонӣ баромад намуда, ба номи поки тоҷик иснод меоред. Эй бегонапарастони аҷнабӣ дигар мардуми мардуми асили тоҷик ва шаҳрвандони ин кишвари пешратаистодаро фиреб карда наметавонед! Медонем, ки ҳоло ҳам хоҷагони шумо як қисми ҷаҳолатпарастони нодонро фиреб дода истодаанд ва бо воситаи маблағгузориву гирдиҳамоии гӯё ватанхоҳонаи шумо аҷнабиён мехоҳандмардуми осудаи тоҷикро гумроҳ намоянд, вале дониста гиред, тиратон хок хӯрдааст. Тоҷик дигар он тоҷики солҳои пешин нест, ки ба гапи ҳар бегонапараст амал намояд. Тоҷик дигар ҳама чизро дорад: ақл, идрок, андеша. Тафаккур, фикр, нанг, номус, ҳисси миллӣ, ватани пешрафта, роҳбари асилу халқпарвар, роҳ, нақб, нури миллат (барқи тозаи табии),  замину об ва дар охир нони ҳалол.

Ана ин аст, ки ба шумо бегонапарастон бо овози баланди тоҷикона мегӯем, ки мо соҳибҳуқуқем, озоду ором ва амну амонием. Мо мактабу мадрасаву донишгоҳу донишкадаву, боғчаву, истироҳатгоҳҳову санаторияҳову табобатгоҳҳо дорем. Мо шаҳрвандони асили тоҷик гурӯҳбозию гирдиҳамоиҳоро дагар чашми дидан надорем, зеро ҳар рӯзу ҳар шаб оддитарин мардумон аз оинаҳои нилгуни замонавӣ гурӯҳбозиҳову гирдиҳамоии хунинҳоро тамошо карда истодаем. Аз ин рӯ ба шумо бо ном шаҳрвандони бегонапараст гуфтанием, ки бас кунед шӯрандозиро, агар дар асл тоҷикед биёед ба ватани озоду обод. Агар дар асл бегуноҳу бехатоед шуморо мебахшем, агар не худатон донотаред-кӯ, гуноҳ дошта бошед бояд ҷавобашро имрӯз ё фардо бидиҳӣ. Мо медонем, ватанхоҳ ҳеҷ гоҳ дар паси пушти хоҷаи бегонааш пинҳон намешавад, балки дар оғӯши шаҳрванди миллту давлати худаш истода сухан мегӯяд. Ба фикрам гуфтаҳои маро фаҳмидед, ки мо мардуми оддии ин ватан ҳатто шуморо қабул надорем ва гуфтанием, ки худатон кистед, ки аз мову давлату ҳукумати мо талаб мекунед, чи хизмату дастгирие кардед ба ин халқу ба ин ватан?! Шумо аз ки паноҳ бурдаед? Шумо барои чӣ дар давлатҳои Аврупо пинҳонед?  Барои хизмататон?  Барои ободиҳоятон?  О, магар намедонед, ки паноҳ танҳо шахсе мебарад, ки гунаҳкор аст! Аз ин мебарояд, шумо ҳам гуноҳ кардаед, ҳам дар пушти хоҷагони ҳидояткардаатон паноҳ бурдаед  ва боз мехоҳед, ки аз берун моро амр фармоед. Дониста гиред, ки хатои бузурге кардаед ва бо ин роҳҳо худро сафед карда наметавонед. Ин талаби хирсонаи шуморо ҳатто мо хонандагони оддии ин кишвар бовар надорем ва қабул ҳам намекунем!!!

Танҳо ҳаминро гуфтанием, ки сазои хиёнат ҷазо аст.

Шаҳрвандони яке аз ноҳияҳои ин кишвари обод.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.