Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Ба ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамадунҳо ба бар кардани либос ба хусус миёни занону духтарон масъалаи баҳсангез ва таҳлилшавандаи асоснок боқи мондааст.
Нафарону гурӯҳҳои манфиатхоҳ ибораҳои иффат, фитрат, тақво, ҳаёву эмон доштанро танҳо дар сатру ҳиҷоб мебинанд, ки куллан ғалат аст. Оё намедонанд, ки сухани наку гуфтан, эҳтироми худу атрофиён, волидону ҳамсолонро ба ҷо овардан беҳтарин эмон ва бузургтарин тақво аст.
Ба бар намудани либоси миллӣ беҳтарин тақводорӣ ва имони комил доштан аст. Чаро ин анъанаро ривоҷ намебахшем? Чаро аз қафои анъаноту суннатҳои мардуми ғайр мегардем?
Бо як ибора шояд гуфтан ҷоиз бошад, ки сатру ҳиҷоб моли мо набуд ва будаҳам наметавонад. Ҳиҷобу сатри мо ҳамон рӯймоли чун барф сафеди модарам аст, ки ба номаш ифтихор мекунам гуфт ҳангоми суҳбат рафиқи раҳдуриам.
Ба қавли Лоҳурии бузург:
"Зиндагӣ-озодии инсуну истиқлоли ӯст”
Ононе, ки ҳиҷоби мӯди рӯз мепушанд ва фикр мекунанд, ки беҳтарин духтарон ва занон ҳастанд, ғалати нобахшиданӣ мекунанд. Беҳтарин занон ононе ҳастанд, ки пойдорӣ ва устувории оиларо нигоҳ медоранд ва фарзандони лоиқро тарбия мекунанд.
Беҳтарин сатру беҳтарин ҳиҷоб накӯ гуфтану накӯ кардан аст. Аз пайи накукорӣ бошед на аз пайи сатр. Сатр мегузарад вале накӯкорӣ ба таври абадият мемонад.
Р. Табарзода
silvenpsp.rusferurezki.ru