Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
ДИНСИТЕЗӢ АЗ КУҶО САР МЕЗАНАД?
Вақте дар сади VII дар нимҷазираи Арабистон дини ислом дар раванди худшиносии миллӣ ҳамчун падидаи динӣ-сиёсӣ зуњур гардид тамоили муттаҳидшавии арабҳоро дар як давлати том инъикос мекард. Аммо баъди садсолаҳо бештари давлатҳои исломӣ динро аз сиёсат дур карданд ва он ҳамчун як анъана, ақида, парастиш, эътиқоди мардум ба дин буду халос. Лекин аз нимаи дуюми асри XX сар карда, боз ба сиёсат омезиш додану ба корҳои давлат дахолат кардани охунду муллоҳо, эшону саидзодаҳо оғоз ёфт. Дар Эрон, Афѓғнистон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои исломӣ асоси қонунгузории онҳо ањкоми шариат дониста шуд. Идеологияи худро сохторҳои давлатӣ ва ҷосусии ин кишварҳо мехостанд ба дигар манотиқи ҷаҳон интиқол диҳанд, яъне "экспорт” кунанд. Ба болои ҳамаи ин дар охирҳои асри XIX ва XX равия ва гуруҳҳои алохудое пайдо гардиданд, ки ба дини ислом, талабот, аҳкоми он тағйиротҳо ворид карданӣ шуданд. Инҳо равияҳои нави саҳҳобия, салафия, акрамия, ташкилотҳои тундгарои, "Ансоруллоҳ”, "Ихвон –ул- муслимин ”, "Хамос”,
"Ҳизбуллоҳ”, ДИИШ, "Боко Ҳарам” ва ғайра мебошанд. Онҳо дар байни аҳли ислом тарғибот мебурданд, ки аз 4 мазҳаби дини ислом танҳо мазҳаби ҳамбалия дуруст ва қобили қабули ислом буда, ҷонибдорони се мазҳаби дигар кофиранд. Онҳоро қатл кардан равост. Молу амволашонро ғорат, фарзандонашонро ғулом кардан, занҳояшонро ба никоҳ даровардан равост. Ба зиёрати манзилгоҳҳо, марқаду бузургон, авлиёю пайғамбарҳо рафтану дуою фотиҳа хондан мумкин нест. Пеш аз ҳама ба исломи ибтидоӣ баргаштан зарур аст. Ташкилотҳои тундгарои дар боло зикршуда, барои ин идея, фикр, ақида ва ба тарзи худ шарҳу эзоҳ додани ояту сураҳои Қуръонро дастак карда, ба ҷиҳод, қатли саросарии муқобилон ҷору ҳангома мезананд. Ҳамаи ин боиси зиддиятҳо, ситезахоҳиҳо, душманигарӣ, задухурду ҷангу ҷидолҳо оварда расонданд. Имрўз мебинем, ки Арабистон Саудӣ Эронро чашми дидан надораду Эрон Тоҷикистонро, Покистон Афғонистонро ҳадафи майдондориҳои худ қарор додаасту дар Сурияву Либия, Яману Ироқ мусулмонон бо ҳам дар набарданд.
Яке аз сабабҳои асосии динситезӣ дар ислом ин кишварҳои абарқудрати Ғарбанд. Сармоядорони онҳо барои маҳви дини мубораки ислом лоиҳаю барномаҳои кутоҳу дарозмуддате омода кардаю амалӣ намуда истодаанд. Ҳам саромадони ваҳобия Муҳаммад Абдулваҳоб, Ҳасан ал –Бано , Саид Қутб, Муҳаммад Рашид, Тақиюдини Набхонӣ, Ҷалили Зайну, ҳам Бен Лодани "Ал – Қоида”, Ал – Бағдодии Давлати Исломии Шому Ироқ, ҳам ташкилотҳои имрўз
ба ҷаҳониён маълуми "Ҷамоат- ул- исломия ”, "Байъат” ва дигаронаш аз ҷониби хоҷагони бегона аз нигоҳи ҳарбӣ ва молиявӣ пурқудрат пуштибонӣ ва сарпарастӣ меёбанд. Ҳатто вақти президентиаш Барак Ҳусейнович Обама эътироф карда буд, ки "Ал-Қоида”ва "ДИИШ” - ро Амрико бунёд кардааст. Дар Сурия асосан мазҳабҳои шиаю сунӣ зиндагӣ доранд. Вале солҳо боз ба майдонҳои задухурди ин ду гуруҳҳои даргир ҷиҳодиёни афғону узбеку тоҷик, турку араб, қирғизу татар ҳамроҳ мешаванд. Аз рўи баъзе маълумотњо аз Тољикистон дар ин набардњо беш аз 1000 нафар ҷавонони фирефтаю фурухташуда, бенасиб, гумроҳ, нодон ишимрок карданд ва нисфи онҳо қурбони ҷаҳолати хеш гардиданд.
Дигар аз омилҳои динситезӣ дар ислом ин аз рукну аҳкоми дину шариат, китоби муқаддаси Қуръон огоҳ набудани наврасону ҷавонон ва ҳатто калонсолон мебошанд. Дилхоҳ муллои нохондаю чаласавод ва ҷосусони разведкањои МОСАД- и Исроил, САВАК-и Эрон, Арабистони Саудӣ , Қатар, Покистон мардумро ба гумроҳӣ мебаранд. Ки мегуфт, ки солҳои 90-ум мусалмонҳои Тоҷикистон ба ду гуруҳи даргири "юрчику” "вовчик” тақсим мешавад?
Барои ҳамин ходимони динии мактабхонда, олимону мутахасисони варзида, домулоҳои мазҳаби ҳанафӣ бояд тарғибу ташвиқоти худро натанҳо дар дохили кишвар, балки дар байни муҳоҷирон низ аз ҳарвақта дида ҷоннок, амалӣ ва таъсирбахш, нишонрас намоянд. Дар таълимгоҳҳо соатҳои дарсии таърихи дини ислом бештар карда шаванд. Баромади раҳгумзадаю аз мазҳаб баргаштаҳо, аъзоёни собиқи ташкилотҳои тундгаро аз қабили ТЭТ ҲНИТ, Ҳаракати исломии Туркистон ва ғайраро мунтазам ба воситаи радио, телевизион, матбуот ба роҳ мондан ба фоидаи кор аст. Дар ин роҳ аз ходимону олимони институтҳои таърих, фалсафа, забону адабиёти тоҷик , Академияи илмҳои Тоҷикистон истифода бурдан низ хеле мақсаднок ва ҳадафмандона мебуд.
Нурулло Ҳасанов, н. Муъминобод.
silvenpsp.rusferurezki.ru