ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Волоияти Қонун дар Бадахшони куҳии Тоҷкистон

 Ё чаро бархе тангназарон аз дохил ва баъзе хиёнаткорон аз хориҷа истода вазъи сиёси ВМКБ-ро дар имруз нодуруст арзёби мекунанд.

Назари банда ин аст,баъди ташрифи сарвари давлат шаҳру ноҳияҳои ВМКБ барои баъзе аз нотавонбинон дасисае шуд, чун бадном намудани вазъи кунунии Бадахшон ва дар маьмуъ вазъи сиёсии Чумхурии Точикистон.

Дар холе, ки халки точик, махсусан мардуми шарифи Бадахшони кухи имруз озодии хакикиву истиклолиятро доранд,чи тавр метавон гуфт,ки волоияти конун ва Чумхурии Точикистон ва махсусан дар ВМКБ таъмин нест.

Вокеан хам сарвари мамлакат зимни сафари кори ва мулокот бо фаъолони шахри Хоруг аз гурухи муташакили чинояткорон, ки бархе аз чавонони бадахширо гумроху мутахами худ карда буданд, изхори нигарони карданд ва вазъи сиёсии вилоятро ором арзёби намуданд. Баъди тагйироти кадри дар макомотхои кудративу ичроияи имруз ин гуруххо аз байн бардошта шуда истодаанд.

Мардуми сарбаланди ВМКБ зери ливои Вахдати милли дар ватани сохибистиклолу демократи озодона дар хама сохахои хочагии халк кору фаъолият намуда истодаанд. Ва шукргузор аз онам, к ибо шарофати чидду чахди бузурги Президент-Эмомали Рахмон сулху ризоияти шахрванди дар мамлакатамон пайдо аст.

Бархе аз нотавонбинон, душманони миллат вазъи сиёсии ВМКБ-ро ташвишовар бахогузори намуда, бо овардани «мисолхо» хастанд мафкураи сокинони Бадахшони кухиро бар зидди давлат ва хукумати кишвар равона кунанд, аммо тирашон хор хурд. Хурду бузурги ин минтака сиёсати рохбари давлатро дастгири мекунанд ва он ободие, ки имруз дар ин гушаи кишвар шуда истодааст, болотар аз дасисахои душманони миллат аст.

Сафари сарвари давлат дар ВМКБ дар расонахои хабари ва шабакахои ичтимои мухокимаи домандор шуд. Аксаран, сафари бобарори рохбари давлатро нек
арзёби менамоянд ва мавриди истифода карор гирифтани иншоотхои гуногунро бар нафъи бошандагони ин сарзамини дурдаст арзёби намудаанд.

Аммо дар ин миён душманон нотавонбинони миллат дастуру супоришхои сарвари давлатро вобаста барои боз  хам хубтар гардонидани вазъи сиёсии ин минтака равона шуда буданд, ба таври муъризона чун миллати хакиру залил ба чашми оламиён каламдод карданиянд.

Минтакаи аз лихози сайёхи рушдкардаро кафомонда арзёби намуданд. Вазъи таъминоти маводи хурокаро дар ВМКБ ташвишовар маънидод карданд. Хол он, ки тамоми кушишу захматхои хукумати кишвар ва давлат дар ободу хуррам гардонидани мамлакат нисбат ба дигар минтакахои Чумхури ва вилояти Бадахшон бештар буда, 150 иншооти хаётан зарури то тачлили чашни 30- солагии Истиклолияти давлати мавриди истифода дар ин макон карор мегирад. Мусалам аст, ки хизмати шоистаи Президенти кишварро мардуми сарватманди кухистони дурдаст нодида нагирифта, ахлона пайи ободонию шукуфоии вилоят камари химмат бастаанд. Имруз мардуми фархангдусту ватанхохи вилоят дар баргузории хама чорабинихои сиёсию фарханги, такмил ва гузаронидани озмунхои сатхи вилояту чумхури чун харвакта фаъоланду пешсаф.

        Баргузор намудани озмуну чорабинихо хам ин яке аз нишонахои тинчию оромии минтака ва таъмини волоияти конун дар вилоят ва дар мачмуъ Чумхурист. Таъмини волоияти конун зери сарварии Пешвои миллат дар Точикистон аз чониби сиёсатмадорони чахон ба монанди Кофи Анан, Владимир Путин, Ху Чинтао ва дигарон бахои баланд гирифтааст. Имруз мо ифтихор мекунем, ки фарханги сулхи точикон барои дигарон мавриди ибрат гарданд, хамчун
тачрибаи беназир аз чониби Созмони Милали Муттахид пазируфта шудааст. Махз бо шарофати сиёсати муваффак ва самарабахши Президенти кишвар – Эмомали Рахмон чомаи чахони ба Точикистон ба иродаи кави ва мардонаги, чахдхои пайгиронаи сарвари давлат дар рохи амнияту рушди Ватан, посдории таърихии бостонии халки точик, икдому ташббусхои созанда ва неки он ба назари хайрхохона ва эътимод мегирад. Биногбар ин хам Точикистон дар муддати кутох аз минтакаи ноором ба макарри баргузории тадобири минтакави ва байналмилали табдил ёфтааст.

Чумхурии Точикистон дар симои Пешвои муаззами миллат Эмомали Рахмон барои рушди босуботу шукуфонии мирнбаъда чун давлати демократию сохибистиклол ки волоияти конуни таъмин аст, тамоми имкониятхоро дорост!


Директори муассисаи тахсилоти миёнаи   Умумии №1
 ба номи Рустам Рахимови  нохияи Муъминобод:
 Г.Шомадова

03.07.2019


 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.