ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ИФРОТГАРОӢ-ГИРДОБИ ХАТАРЗОСТ

 

ИФРОТГАРОӢ-ГИРДОБИ ХАТАРЗОСТ

 

«Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». --- ин суханоне ҳастанд, ки дар Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд.

Пўшида нест, ки дар кишвари мо низ бадбахтона ҳастанд одамоне, ки гумкардаи роҳи худанд ва аз худшиносии миллӣ дар фосилаҳо қарор доранд. Чунин шахсон бо эҳсоси таҳмил гардида ба ҷуз «фикри» худ дигар чизеро шунидан ва эҳсосо намудан надоранду нисбат ба ватан ва миллати худ амали душманона ва хиёнаткоронаро раво мебинанд. Ин раванд дар натиҷаи таблиғоти хоҷагон ва «муттахасисони варзида» дар кирдорҳои ҷинояткорона дар шакли экстремистӣ ва террористӣ шакл мегирад. Аксарияти роҳгумзадагон, ки омолашон зидди ватану миллат, зидди падару модар аст ҳеҷ гоҳе ба ҷойе намерасанд ва зиндагии атрофиёнашон низ баракат нахоҳад гирифт.
Дар яке аз ҳадисҳои Расули акрам (с) омадаст, ки «Комилтарин мусулмон ҳамонест, ки ба нафсаш ғолиб меояд». Баъзе аз ҷўяндагони «роҳи ҳақ» хушбахтиро дар куштори бародарони мусулмон, дар хонасўзиву ятим мондани ҳазорҳо тифлони бегуноҳ мебинанд ва бо ин васила ҷайби худро аз ғаниматҳо ва бадбахтии дигарон пур карданианд. Ин кирдору рафтор, пеш аз ҳама, хиёнат ба ватан, хиёнат ба миллату сарзамини аҷдодии мост.

Қобили қайд аст, ки Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм ва экстремизмро вабои асри ххiномидаанд ва дар арсаи байналмилалӣ бар зидди терроризм саҳми худро гузошта истодаанд. 
Мо шаҳрвандони ватандўст ва фарҳангдўсти ноҳияи Муъминобод сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣДар хотима ба мардуми баору номуси ноҳияи Муъминобод муроҷиат карда мегўям, ки ба таасубу тақлиди кўркўронаи динию мазҳабӣ мубориза бурда, ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, инчунин рушди усутувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ноҳия ва кишвари азизамон талоши бештар намоянд.

 

Директори МТМУ№ 4

ноҳияи МуъминободХ. Холов<

silvenpsp.rusferurezki.ru


Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.