Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 11 ва 15-уми сентябри соли 2018 ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор гардид, дар таърихи тараққиёти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят саҳифаи навро боз намуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят ба маблағи 2 миллиарду 240 миллион сомонӣ, 1700 иншоотҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангию маишӣ сохта шуда, мавриди истифодаи умум қарор дода шуданд.
Дар як муддати кутоҳи таърихӣ бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат симои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кулли
тағийр ёфт, ки ин ҳама аз дастгириҳои ҳамарӯзаи Ҳукумати кишвар аст.
Мо сокинони ноҳияи Муъминобод он камбудию норасоиҳое, ки зимни мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо роҳбарону фаъолони вилоят дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва
мубориза бо ин гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятиро баён доштанд, ҳаматарафа шаддидан маҳкум менамоем ва ин Амри Сарвари давлат лоиқи таҳсину офарин ва дастгирӣ мебошад. Мо медонем, ки ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳеҷ вақт баҳри ободию тинҷӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ саъю кӯшиш накардаанд ва намекунанд.
Мо мардуми Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Муъминобод ҳамеша тарафдори Амру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, тарафдори сулҳу ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишварамон ҳастем ва намегузорем, ки ягон душмани миллат қадами нопоки худро ба сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони азизамон гузорад.
silvenpsp.rusferurezki.ru