Главная > Ичтимоиёт > ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ

ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ


1-08-2019, 13:14. Разместил: adminn

 

ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ 

 

Эй сарвару сорбони мо, Эмомалӣ Раҳмонӣ мо, <

Исмоили даврони мо, Эмомалӣ Раҳмонӣ мо.

Шуд Тоҷикистон шуҳравар бо номи ту дар баҳру бар,

Ҷамъ овардӣ аз ҷаҳон, тухми парешони тоҷикон.

Шуд аз нав зинда ҷони мо, Эмомалӣ Раҳмонӣ мо.

Мегӯянд, ки хуршеди ҷаҳонтоби осмон месузад ва месозад. Президенти ваҳдатшиори мо низ дар гармии оташи муҳаббати миллати тоҷик сохтанҳо, обутобёфтанҳо доранду бо тавону муҳаббати созандаи хеш қалъаи мустаҳками сулҳу ваҳдат, хушбахтии мардуми кишвари моро таъмин кардаанд.

Муҳаббати Сарвари кишвар ба кулли мардуми тоҷик дар ҳама ҷо нисбат ба як шаҳрванди Тоҷикистон мушаххасу гармибахш аст. Тайи ду даҳсолаи охир мардуми Тоҷикистон бо чеҳраи нуронии Ҷаноби Олӣ чун бо обу ҳаво ва табиати биҳишосои Ватан одат кардааст ва он симои зоҳирӣ ва ботини басо дилпазиру гуворост. Ин симои мардуми Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бо тамоми зебоиҳои маънавиаш муаррифӣ мекунад. Дар манотиқи мухталифи мамлакати мо одамонро дар лазаҳои шодию ғам таҳният мегӯяду дилбардорӣ мекунад. Дар аснои аз мӯйсафедон гирифтани дуоҳо нерӯю тавони нав ба нав мебахшад ва дар ҳама лаҳзаҳо дар ҳама ҷо шахси барои ҳамагон наздик, азиз ва муҳтарам маҳсуб меёбад.

Маҳз бо кӯшишу ғайрати Ҷаноби Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оромию суборо соҳиб шуд. Туфони даҳшатноки бародаркӯшӣ хомӯш гардид. Маҳз бо ҷидду ҷаҳд, кӯшишу талош ва заҳмати бедорхобиҳои рӯзонаву шабонаи Эмомалӣ Раҳмон киштии тақдири миллат аз гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ ва ҷангу низоъҳои бомаънӣ ба соҳили мурод бароварда шуд.

Диретори МТМУ №29.

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад