Главная > Ичтимоиёт > БЕТАРАФИ ГУНОҲИ АЗИМ МЕБОШАД.

БЕТАРАФИ ГУНОҲИ АЗИМ МЕБОШАД.


1-08-2019, 14:28. Разместил: adminn
БЕТАРАФИ ГУНОҲИ АЗИМ МЕБОШАД. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як шаҳрванди кишварамон бахусус ҷавонон бояд дар кору фаъолияти худ устувор бошанд. Аз ҷиҳати сиёси бояд дарк намоянд, ки кӣ дӯст ҳасту кӣ душман. Пеш аз он ки ман фикурҳои худро равшан байён кунам, мехоҳам ки наврасону ҷавононро авалан даъват намоям, ки илм омузанд, бисёртар китоб хонанд, аз матбуоти даврӣ радиою телевизор пурра бархурдор бошад. Ҷавонони мирӯза дар бисёр корҳо омода неатсанд, ҷавонон бояд тамоми супоришҳоро оиди пешравии корашон иҷро намоянд. Ман тарафдори гуфтаҳои пешвои миллатамон мебошам. Роҳбари давлат таҳкид месозанд, ки мо аз ҷавонон бисёр розием, чун, ки ояндаи ҷомеа дар дасти онҳо мебошад. Аммо аксари ҷавонон ба боварии роҳбари давлат надаромадаанд. Дар мактабҳои олӣ хуб таҳсил намекунанд дар мактаби оли 4- 5 сол хондаасту аз ихтисоси худ чизеро намедонанд. Дар бораи қонунҳои миллиамон аз ҷумла қонуни забон чизеро намедонанд. Омӯзгор бояд дар кору фаъолияти худ намуна бошад яъне дигарон аз ӯ ягон хатогиеро нашунаванд. Ман имрӯз дида истодам, ки ҷавононе, ки ҳамчун омӯзгор ба муассисаи таълими ба кор меоянд. Бениҳоят хом ҳастанд. Ман ҳамчун роҳбари муассисаи таълими ҳамасола бо ингуна ҷавонони омӯзгор кӯмак мерасонам. То ки онҳо дар инҷода ба мушкили дучор нашаванд. Ман худро ҳеҷгоҳ бетараф намеҳисобам. Ман ҳамчун омӯзгори собиқаи кории 43 сола дошта таклиф мекунам- ки ҷавонон вақтеки ба шуъбаҳои маориф ба мактабҳо ба кор меоянд. Тариқи озмун ба кор қабул карда шаванд. Ташкилкунандагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз бесаводии мардум асосан ҷавонон истифода бурда ватанамонро ба харобазор табдил доданд. Агар ақлу хирати расои намонядагони мардум вакилон намебуд мо сулҳу суббот, ваҳдати доимиро пойдор намекардем. Вакилони халқ агар дар рӯзҳои иҷлосия тақдирсози миллат бетарафиро пеша мекардан, интихоби роҳбари давлатамон ба мо муясар намегардид. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти милли дар соли 1997 ҳам ба осони дастрас нашуд. Бо мухолифин сухани гуфтан ба онҳоро ба сулҳу Ваҳдат даъват намудан, ин пеш аз ҳама ба заҳматҳои роҳбари давлатамон вобастгаии калон дорад. Имрӯз дар ҷаҳон бисёр давлатҳо бетараф ҳам мегиранд. Аммо мардуми дунё дида истодаанд, ки роҳбари давлати Тоҷикистон барои сулҳу оромии тамоми халқҳои сайёра талош додард. Ҳамкориҳои давлати мо ба тамоми давлатҳои дунё гувоҳи он аст, ки роҳбари мо, халқи мо сарҷамъии тамоми халқҳои дунёро орзӯ доранд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ниятҳои неки худ роҳбарони тамоми мамлакатҳои дунёро ба кишварармон баҳри он даъват менамояд, ки дар якҷоягӣ тамоми мушкилотҳои ба сараи мардуми ҷаҳон омадаро ҳалу фасл намоянд. Баргузории конфронсӣ ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаҳои маблағгузори он аз ҷумла гардиши ғайриқонуни маводи мухадир ва ҷинояткории муташакил дар шаҳри Душанбе моҳи май, инчунин машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар осиё дар моҳи июн баргузор шуд. Мақсади ин машварат гирифтани пеши роҳи терроризм, тундгароӣ ва умуман барҳам додани хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир мебошад. Аз ин мисолҳо бар меояд, ки тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон ягона давлате ҳаст, ки пеши роҳи тамоми мақсадҳои нопоки душманони дохилию берунаро мегирад ва гирифтаҳам метавонад. Бори дигар тамоми наврасону ҷавононро ба он даъват менамоянд, ки кадри сулҳу ваҳдатро донанд. Орзуи молу сарват ва пулро накунанд. Агар хуб надоданд кушиш намоянд, ки таърихи ҷанги шарвандиро аз дигарон омӯзанд. Ин меваҳои Истиқлолият ба осони ба мо муясар нашудаанд. Таъбири машҳури халқро бояд ҳеҷгоҳ фаромуш накунем «Кӯр дар чоҳ як бо меафтад». Бетараф будан гуноҳи азим мебошад. Директори муассисаи таълимии №16 Нуров Бsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад