Главная > Ичтимоиёт > Зиракии сиёсӣ

Зиракии сиёсӣ


15-08-2019, 10:10. Разместил: adminn

 

Бояд қайд кард, ки солҳои охир радикализм, экстремизм ва терроризм дар миқёси ҷаҳон рушд ёфта, ба бехатарии давлатҳо, минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таҳдид намуда истодааст.

Экстремизм аз вожаи франсузӣ гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳаду андоза гузаштан аст. Экстремизм ин даъват ба ноороромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият, ангезонидани ғояҳои нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад. Амалҳои экстремистӣ ин ба нақшагирӣ, ташкилкунӣ иҷрои амалҳое мебошанд, ки барои иҷрои мақсадҳои ғаразнок равона карда шудаанд.

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз таҳдидҳо ин хатар истисно нест. Зеро солҳои охир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба тамоми минтақаи ҷаҳон, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид менамояд. Аз ин лиҳоз, сокинони кишвар, махсусан ҷавононро лозим аст, ки доир ба ин масъала огоҳӣ ва ҳар чӣ маълумоти бештар дошта бошанд, то ба доми таблиғгарони ҳар гуна созмонҳои ифротӣ наафтанд. Баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсӣ ва динии ҷавонон, дар замири онҳо бедор намудани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ҳушёрию зиракии сиёсӣ яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаву олӣ ба шумор меравад, ки заминагузории рушди шахсияти солими иҷтимоӣ ба шумор мераванд.

 

 

 

 

 

silvenpsp.rusferurezki.ru


Вернуться назад