Главная > Ичтимоиёт > Тоҷикистон зидди терроризм ва ифротгароӣ
Тоҷикистон зидди терроризм ва ифротгароӣ19-09-2019, 17:04. Разместил: adminn |
|
Мафҳуми ифрот ва ифротгароӣ, ки истилоҳи байналмилалии экстремист ва ё экстремизм мебошад, ҳамчунин ифротгароӣ як навъи амалест, ки тариқи зӯроварӣ ишғол кардани Ҳокимият, ворид намудани халал ба фаъолияти муназзами сохторҳои давлатӣ, таҳдид кардан ба амнияти ҷомеа ва ғайраро дарбар мегирад. Мо бояд аз сабабҳои ҷанги таҳмилии бо истилоҳ бародаркуш сабақ гирифта, хулоса намуда, ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем. Имрӯз вақти он Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале боиси таассуф аст, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад. Ба ақидаи мо, муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати "меъёрҳои дугона”-ро намепазирад. Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад. Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд. Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд. Ба ин тариқ бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид кардаанд, ки Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки "Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави "ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.” Ин мафҳумҳо, ҳама хоси абарқудратҳо буда, сард шудани муносибатҳои онҳо таъсири манфӣ ба кишварҳои сеюм мерасонад. Таърихи начандон дури вазъи Ироқу Суриё ва Украина собит кард, ки кишварҳои абарқудрат барои манфиати хеш аз ҷангу хунрезӣ рӯй наметобанд. Гузашта аз ин Сарвари давлат бо изҳори он, ки дар ташкилоти террористии «Давлати исломӣ», баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил мебошанд, аз хавфи интиқоли махфиёнаи онҳо ба сарзамини мо нигарон дарак медихад. Ба қавли Пешвои миллат «имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳо ва омилҳои асосии ҷалби шаҳрвандони мо, аз ҷумла сокинони вилоят ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта мебошад. Аз ҷониби дигар, сарчашмаи пайвастшавии ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ин гирифтани таълимот аз тарафи ҷавонон дар мактабу Дар мавриди матраҳ намудани масъалаи мазкур дар назди мо ду вазифаи муҳим меистад, ки иҷрои он ба ақлу заковат, дониш, ҷаҳоншиносӣ, масъулият ва қобилияти ташкилотчигии ҳар яке аз мо вобастагӣ дорад. - Якум, дарки маърифати дурусти вазъи сиёсии ҷаҳон, хоса Осиёи марказӣ ва додани баҳои дуруст ва ҳаққонӣ ба он . Фаҳмидани замина ва сарчашмаҳои воқеии экстремизм ва хушунат дар минтақа. - Дуюм, гирифтани пеши роҳи пайвастшавӣ ва шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони гумроҳ ба ҳизбу ҳараккатҳои экстремистӣ-террористӣ тавассути тарғиботу ташвиқоти оммавӣ. Мо халқи шарафманди тоҷик бояд худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст ва арзишҳои миллиамонро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем. Бо зардошти ваъзи кунунии сайёра ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашуда, ба қадри Сулҳу Ваҳдат оромиву субот ва осоиштагиву хотирҷамъии кишвар бирасанд. Аз ин лиҳоз, мо ҳалқи тоҷик боз ҳам аз пештара хубтару беҳтар муттаҳид бошем. Нагузорем, ки давлатамон осеб бинад ва дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба мақсади нопоки худ нарасад.
Фозилов Сафаралӣ корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод.
silvenpsp.rusferurezki.ru Вернуться назад |