Главная > Ичтимоиёт > “ВАҲДАТСАРО”- БА НОҲИЯИ ЗЕБОМАНЗАРИ МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

“ВАҲДАТСАРО”- БА НОҲИЯИ ЗЕБОМАНЗАРИ МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


13-06-2022, 10:24. Разместил: admin
САФАРИ МОДАРОНИ “ВАҲДАТСАРО”- БА НОҲИЯИ ЗЕБОМАНЗАРИ МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Дар арафаи 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корвони фаъолзанҳои ҷумҳурӣ 8-июни соли равон ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Модарони арҷманди «Ваҳдатсаро»-ро дар даромадгоҳи ноҳия роҳбарият ва дигар масъулон бо самимияти хоси тоҷикона истиқбол намуданд. Сипас иштирокдорони корвони мазкур тайи ду рӯз аз мавзеъҳои нотакрори таърихию фарҳангии ноҳия, аз ҷумла Чилдухтарон дидан карда, ҳамзамон бо сокинони шарафманди ноҳия сӯҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар сафари серӯза, ки аз 8 то 10-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома меёбад, гурӯҳи занони фаъоли кишвар аз ҳисоби собиқадорони меҳнат ва намояндагони касбу кори гуногун аз вилоятҳои Бадахшону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар ҷамоатҳои деҳот ва қисмҳои низомӣ суҳбату вохӯриҳои судмандро доир намуда, тарғиб аз дастовардҳои Истиқлолияти Ватан, сулҳу Ваҳдат ва ҳифзи неъмати гаронарзиши кишвар-Осудагӣ менамоянд. ПОЯНДА БОД СУЛҲУ СУБОТ ВА ОРОМИВУ ОСОИШТАГӢ ДАР ВАТАНИ АЗИЗАМОН ТОҶИКИСТОН!silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад