Манқурту лухтакҳо кистанд?
Имрӯзҳо дар фазои иттилоотии интернет як гурӯҳ нафароне пайдо шудаанд, ки тарзи фаҳмишу назарҳои уламои суннатии диниро мавриди танқиду инкор қарор медиҳанд. Одатан ингуна нафарон аъзои гурӯҳҳои ифротгароии динӣ буда, дар аксари ҳолат назару фаҳмишҳои созмонҳои террористии Ховари Миёна ва ё давлатҳои мусулмонии дар муноқиша қарор доштаро ташвиқ таблиғ мекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки аъзоёни созмону ташкилотҳои ифротгарои динӣ андешаву дидгоҳҳои тангу сахтгиронаи динӣ дошта, барои расидан ба мақсадҳои ифротиву террористии роҳбаронашон амал мекунанд. Яъне, ин созмону ташкилотҳо аз ҷониби доираву давлатҳои манфиатдор ташкил карда шуда, аз тарафи онҳо барномарезӣ ва идора карда мешаванд.
Боиси таассуф аст, ки баъзе доираҳои сиёсӣ ва давлатҳои манфиатҷӯйи ҷаҳонӣ аз мафҳуму моҳияти амиқи идеологияи ифротгароии динӣ ба хубӣ огоҳ буда, дар замони муосир аз нафарони гумроҳу ғафлатзадаи ифротӣ барои худ сарбозу силоҳ омода карда истодаанд. Манфиатталабони бераҳм гурӯҳҳои ифротгароӣ диниро дар муборизаҳои сиёсиву қудратхоҳии худ дар дилхоҳ минтақаву ҷаҳон истифода бурда, барои амалӣ кардани манфиатҳои геополитикиашон онҳоро ҳамчун лухтак суиистифода мебаранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзоёни гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ аз фаҳмишу бардоштҳои динӣ фарсахҳо дур буда, як маводи хом ва бераҳму вайронкор барои доираҳои сиёсии манфиатхоҳон мебошанд. Дар асл фаъолияту амалиётҳои террористии онҳо пешакӣ тарҳрезӣ шуда, дар асоси супориши душманону бадхоҳон амал менамоянд. Ин аст, ки бар ивази кору фаъолияти ингуна созмону ташкилотҳои ифротиву террористӣ дини поки ислом дар ҷаҳон манфӣ муаррифӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки бадхоҳону душманони суботу амнияти ҷаҳонӣ ва манфиатталабони чашмгурусна мактаби бузурги омодасозии террористонро доранд. Инчунин дар ихтиёри онҳо техникаву технологияҳои ҳозиразамон, қудрати сиёсӣ ва албатта, сармояи бузурги пуливу молӣ қарор дорад. Гурӯҳу доираҳои манфиатхоҳ дар асоси идеяҳои ифротгароии динӣ як қатор инсонҳои бесаводу гумроҳшударо мағзшуйӣ карда, дилхоҳ шахс, миллат, давлат, мазҳаб ва динро назди онҳо фосиқу душман ва кофир ҷилва дода, портрети манфию сохтаро барои онҳо меофаранд. Дар натиҷа аъзоёни гурӯҳу созмонҳои тундгарову ифротӣ бо мақсади “ҷиҳод” дар минтақаҳои гуногуни зери назари манфиатхоҳон амалиётҳои террористӣ анҷом медиҳанд. Хусусан, тайи 30 соли охир душманони дини ислом ҳамингуна барномаву лоиҳаҳои геополитикии худро дар давлатҳои мусулмоннишин доранд, амалӣ карда истодаанд.
Чӣ тавре дар боло таъкид сохтем, манфиатхоҳон зарфияти бузурги илмиву ақлӣ дошта, қудрати худро дар асоси идеяҳои радикаливу экстремистӣ ва пуливу молӣ такмилу таҳким мебахшанд. Тарроҳону барномасозони онҳо дар асоси стратегияи дарозмудати худ созмону ташкилотҳои диниву сиёсиро дар дилхоҳ минтақа ташкил намуда, бо ҳар роҳу восита онҳоро кӯмаки пуливу молӣ мерасонанд. Ҳатто, баъзе давлатҳои абарқудрат низ пуштибону ҳомии ингуна созмону ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мегарданд. Чун дар амал роҳбарону пайравони созмону ташкилотҳои диниву сиёсӣ мақсаду ҳадафҳои онҳоро татбиқ мекунанд.
Бояд қайд кард, ки айни замон роҳбарону пайравони гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ саводи динии комил надошта, танҳо як назари маҳдуду тангу зоҳирии дини исломро пайгирӣ мекунанд. Хусусан, роҳбарону пешвоёни ингуна созмону ташкилотҳо аз арзишҳои бузурги дини ислом ба монанди, таҳаммулпазириву накӯкорӣ, раҳму шафқат, илму маърифат, пос доштани таъриху фарҳанг ва ғайра маҳрум мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки роҳбарону тарроҳони гурӯҳҳои ифротиву террористӣ маҳз онҳоро дар чунин рӯҳия мағзшуиву омода сохтаанд, то ба мисли як инсони манқурту “робот” табдил ёбанду супоришу дастурҳоро бечуну чаро иҷро намоянд.
Ҳамин тариқ, дар замони муосир доираҳои сиёсиву давлатҳои манфиатхоҳ роҳбарону аъзоёни гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористиро аз ҳақиқату арзишҳои волои динӣ дур нигоҳ дошта, бо усулҳои муосиртарини техникаву технологияҳо мағзшуӣ карда, барои худ як артиши бузург сохтаанд. Абарқудратони манфиатҷӯ дар ихтиёри ин артиши беруҳия ва беҳувияти диниву миллӣ дору дастгоҳҳои замонавии иттилоотӣ, технологияҳои интернетӣ, техникаҳои ҳарбиву амниятӣ ва қудрату пулу мол муҳайё сохта, баҳри амалӣ кардани лоиҳаву барномаҳои геополитикиву геоиқтисодии худ истифода бурда истодаанд.
Иброҳим Халилов, сиёсатшинос.silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|