Хоруғ. Бунёд ва таҷдиди 10 корхонаи саноатӣ дар як сол
Н. ХОВАР
Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, бахусус, шаҳри Хоруғ давоми даҳ рўз вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар шаҳри Хоруғ қарор дошт. Бояд ёдрас намуд, ки Шералӣ Кабир дар асоси Амри Президенти Тоҷикистон ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба хотири 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарасти шаҳри Хоруғ таъйин гардидааст. Дар ҷараёни сафар Шералӣ Кабир ва гурўҳи кории вазорат вазъи инфрасохтори саноат, коммуникатсия, сохтмон, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳоро дар маркази вилоят мавриди омўзишу таҳлил қарор доданд. Дар доираи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳлилу омўзиши коршиносон ва мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ тарҳи меъмории шаҳр ва инфрасохтори он куллан таҷдид мегардад ва ин кор аллакай шурўъ гаштааст.
Маълум аст, ки ҳар як меҳмон ва ё ҷаҳонгарде, ки вориди ин, ё он макон, бахусус ба ин ё он шаҳр ворид мешавад, ба фурудгоҳ, даромадгоҳ, ё дарвоза, бозор, ҷойҳои фароғату истироҳат, рафтору кирдор, меҳмоннавозии сокинонаш баҳогузорӣ мекунад. Дар шаҳри Хоруғ дар ин самт дар замони соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд, аммо ҳангоми бунёди ин, ё он иншоот на ҳама вақт талаботи шаҳрсозию меъморӣ риоя мегашт. Мисоли равшани ин бозори марказӣ, терминал ва дарвозаи шарқии шаҳр мебошанд. Акнун тарҳи меъмории даромадгоҳ, терминал ва бозори марказӣ куллан дигаргун мешавад. Тибқи лоиҳа дарвозаи шарқии шаҳр ва атрофи он ба як маркази истироҳату тамошо табдил хоҳад ёфт. Дар ин ҷо барои нишасти меҳмонону сайёҳон ҷойи махсус бунёд мегардад, ки сурату нигораҳои ҳайвоноти нодири Помир онро оро медиҳанд. Инчунин дар ин ҷо сохтмони меҳмонхонаи панҷошёна бо тарҳи меъмории шарқӣ ва дорои тамоми шароитҳои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ дар назар аст. Дарвозаи даромадгоҳи шаҳр низ чун шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанду Кўлоб бо тарҳи меъмории миллӣ сохта мешавад. Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир ва раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ аз ин мавзеъ дидан намуда, нуқтаи назари хешро барои ҷолибу дилрабо сохтани иншооти сохташаванда баён намуданд.
- Яке аз проблемаҳои ҷиддии шаҳрдорӣ чун пештара дар марҳилаи ҳозира низ таъминоти аҳолӣ бо манзил мебошад, -мегўяд раиси шаҳр Назарзода Ризо Шодӣ. -Қисмати зиёди арзу муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти шаҳрдорӣ воридгашта ва дар рўзи қабули раиси шаҳр ба миён гузошташуда низ ба ин масъала рабт доранд. Ба ин хотир ҳам дар панҷ соли оянда яке аз масъалаҳои калидӣ таъмини аҳолӣ бо манзил боқӣ мемонад. Дар доираи тарҳи нави шаҳр дар қаламрави он дар панҷ соли оянда сохтмони 20 бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта шуда, бо нархи дастрас ба ниёзмандон пешниҳод карда мешаванд. Айни ҳол ҷойи бунёди онҳо муайян карда мешавад.
Дар маҳаллаи Тем раисони вилояту шаҳр ва вазири саноату технологияҳои нави ҷумҳурӣ бо фаъолияти ҶДММ “Суман”, ки ба коркарди сангҳои ороишӣ машғул аст, шинос гардида, таваҷҷуҳи роҳбарияти онро ба истеҳсоли маҳсулоти содиротии рақобатпазир дар бозорҳои дохилию берунӣ ҷалб намуданд.
Дар давраи тараққиёти босуръати техникаю технологияи нав маркази маъмурии ҳар як минтақаро бе фурудгоҳи байналмилалӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, бо вуҷуди он ки дар чанд соли охир чанд маротиба навсозӣ гашт, ҳанўз ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ нест. Ҳайати кории Ҳукумати ҷумҳурӣ ба меъморону ороишгарон тавсия дод, ки тарҳи замонавии фурудгоҳро омода намоянд. Дар як нишаст раиси вилоят иброз намуд, ки бо дастури Пешвои миллат парвози тайёраҳои мусофирбар дар рўзҳои наздик шурўъ мегардад.
Дар бозори “20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” Мирзонабот Алишер Худобердӣ, Шералӣ Кабир ва Назарзода Ризо Шодӣ аз Маркази тиҷоратии “Нигини Хоруғ” дидан намуданд. Бинои ин марказ ду сол қабл бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд. Дар ин бино ва биноҳои атрофи он ҳуҷраҳои дорои тамоми шароит барои тиҷорату савдо сохта шудаанд. Айни замон қисмати зиёди фурўшандаҳои бозори марказӣ ба он ҷо кўчонда шудаанд. Ба маъмурияти маркази тиҷоратӣ дас-тур дода шуд, ки барои фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои соҳибкорону тоҷирон чораҳои амалӣ роҳандозӣ намояд. Ба бозори нав кўчондани аксарияти мағозаву дўконҳои савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ тамбашавиро дар маркази шаҳр коҳиш медиҳад.
Ҳангоми боздид аз майдон ва Боғи Ғалаба гурўҳи корӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар дигар манотиқи кишвар барои поси хотири гузаштагон, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таъ-рихӣ тадбирҳои созандаю ободкорӣ роҳандозӣ мегарданд. Аммо аз майдони Ғалаба ва Боғи Ғалабаи шаҳри Хоруғ айни ҳол фақат ном боқӣ мондааст. Бо мусоидати шаҳрдорони собиқ қисмати ҳудуди майдону боғ барои сохтмони мағозаю қаҳвахона ва анборхонаҳо дода шуданд ва атрофи ин ҷойҳои муқаддас ба як харобазор табдил ёфт. Акнун вақти он расид, ки боғу майдон аз нав барқарор мешаванд ва чуноне раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ арз доштанд, барои тармиму таҷдиди боғу майдон бештар аз 700 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Боғи дар шафати майдони Ғалаба бунёдшаванда то пули пиёдагарде, ки дар натиҷаи сўхтор хароб гашт ва акнун аз нав бунёд мегардад, доман паҳн мекунад. Тибқи пешниҳодоти гурўҳи кории Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар шафати собиқ бинои театри вилоятӣ сохт-мони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ дар назар аст. Дар ҳудуди собиқ заводи нон, ки дар солҳои ноороми навадуми асри гузашта аз фаъ-олият боз монд, акнун дар майдони беш аз 2,5 га парки технологӣ - иноватсионӣ бунёд карда мешавад. Дар ояндаи наздик тибқи нақша дар ин чо инчунин бунёди корхонаи нонпазӣ дар назар аст. Дар пойгоҳи Ҷамъияти саҳомии “Помирсохтмон”, ки айни ҳол аз истифодабарӣ дар канор мондааст, дар масоҳати беш аз ним гектар бунёди корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш пешбинӣ гардидааст.
Корхонаи коркарди гўшту шир дар замони шўравӣ яке аз корхонаҳои калон ва муваффақи вилоят ба шумор мерафт. Имрўз аз ин корхона фақат биноҳои харобу вайрона боқӣ мондаанду халос. Дар ҷараёни боздид аз ин корхона вазири саноату технологияҳои нав дастур доданд, ки корхона бояд барқарор гашта, бо технологияи муосири коркарди шир муҷаҳҳаз гардонда шавад. Мутахассисон ва шахсоне, ки дар ин ҷо ихтиёри кор кардан доранд, барои таҷрибаомўзӣ ба корхонаи шири шаҳри Душанбе ба таҷрибаомўзӣ фиристонда мешаванд.
Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Хоруғ инчунин аз корхонаи истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фареҳ-2013”, ки ба тайёр намудани маҳсулоти сохтмонӣ машғуланд, дидан намуданд. Барои барқарор намудани фаъ-олияти корхонаи оҳану бетон бо иқтидори пурра ва ҶДММ “Фареҳ-2013” ҷиҳати зиёд намудани иқтидори корхона ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дастурҳои муфид дода шуданд.
Мувофиқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол бояд дар қаламрави вилоят 30 корхонаи саноатӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд, ки зиёда аз 10- тоашон дар шаҳри Хоруғ сохта мешаванд.silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|