Главная > Ичтимоиёт > Интихобот дар дираи қонун.

Интихобот дар дираи қонун.


27-10-2020, 11:39. Разместил: admin
Яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар тамоми давлатҳои мутараққии ҷаҳон ин интихобот ба мансаби Президентӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми шароитҳо барои баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар давлати мо муҳайё гардида буд. Мехоҳам чанд ақидаи худро доир ба интихоботе, ки соли ҷорӣ гузашт баён намоям: 
Интихоб ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11.10.2020 дар ҷумҳурии азизамон  баргузор гардид барои тамоми мардуми бурунмарзӣ хотирмон ва фаромушнашаванда буд. Пеш аз маърака хоинони миллат ё ба қавле ворисони ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар давлатҳои бегона бо супориши  САГИ БЕСОҲИБИ  Кабирӣ, ки рохбари ТТ ХНИ-ПМЗ бо хаммаслаконаш дар шабакаҳои интернетӣ даромада мехостанд ин маъракаро халалдор созанд. Аммо ман ҳамчун як фард бо тозагии ба мардуми азизи тоҷик  изҳори миннатдории самимӣ баён намуда, ба заковати бузурги ин мардум бори дигар боварии бузург ҳосил кардам. Акнун бо боварии ом гуфта метавонам, ки тоҷикон дар ҳақиқат Ватандору ватандуст ҳастанд. Дигар ҳеҷ гоҳ ин махлуқони одмасифат ба фаросату идроки мо халал ворид карда наметавонанд. Кабирӣ ва пайравони ӯ низ аз шарм дигар об дар даҳон гирифта, наметавонанд лаб во кунанд. 
Миннатдории дигари самимиамро ба кормандони телевизион ба он хотир расониданиам, ки далелҳои ниҳонии ин Худобехабарони исломсозро дар филми Хиёнат ба мардум ошкоро нишон дода, мардумро  ба  найрангбозиву ҳилагариҳои ин палидон шинос намуданд. Агар Кабирӣ ва пайравони ӯ, ки зери зулми хоҷагони худ то ҳол қарор доранд бояд ба андешае биоянд. Дигар дар Тоҷикистон барои фирефта кардан шахс намондааст. Хама бошандагон Тоҷикистон алакай шуморо аз назидик шинохтанд. Барои ҳамин мардум қариб, ки ба пуррагӣ ба ҷонибдории Пешвои худ овоз доданд. 
Бовар дорам, ки Тоҷикистони азизамон боз  ҳам ободтарру зеботар гашта, мардумаш хураму осуда, бо умеди ояндаи фардо зиндагӣ менамояд. 


     Директории муассисаи таълимии № 32     Муродов А.  
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад