Главная > Ичтимоиёт > Иҷлосияи тақдирсоз

Иҷлосияи тақдирсоз


19-11-2020, 16:25. Разместил: admin


Тоҷикистони азизи мо аввали солҳои 90-уми садаи бист ба арсаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Гурӯҳҳои мухолиф, шахсони мансабталаб, бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати куҳанбунёди мо намехостанд, ки мардуми тоҷик аз самараҳои истиқлолият баҳраманд гардад. Вазъият бахусус тирамоҳи соли 1992 хеле муташанниҷ гардид. Тамоми хоҷагии халқ ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кор то ҷое расид, ки чанд тан бесаводу модарбахатои одамсурати ҳайвонтабиат Президенти қонунии аз ҷониби халқи мамлакат интихобшударо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гаравгон гирифта, ба истеъфо додан маҷбур намуданд. Хатари ҷиддии маҳв шудану аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба амал омада буд.

Баъди саъю талошҳои пайгирона ва маслиҳату машваратҳои зиёди қувваҳои солимфикри ҷомеа ниҳоят имконияти мусоид фароҳам омад. Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби колхози ба номи Ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Хуҷанд (алъон ноҳияи ба номи Б.Ғафуров) Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ба кори худ шурӯъ намуд. Ин иҷлосия дар шароите баргузор гардид, ки хоҷагии халқи мамлакат ва тамоми шохаҳои ҳокимият тамоман фалаҷ гардида буданд. Дар чунин вазъияти ҳассос барои миллати тоҷик ва мамлакати Тоҷикистони соҳибистиқлол сарваре лозим буд, ки воқеан миллатдӯст бошад, барои сулҳу ваҳдат ҳатто ҷони худро дареғ надорад, роҳбаре лозим буд, ки манфиатҳои миллатро аз ҳама гуна манфиатҳои қавму маҳал болотар донад. Ва муҳимтар аз ҳама роҳбари оқилу доно ва хирадманд лозим буд. Хушбахтона, ба таъбири устод Лоиқ Шералӣ "Раҳми Парвардигори мо омад, Нури ҳақ бар диёри мо омад”. Намояндагони мардумӣ якдилона фарзанди фарзонаи сарзамин, сиёсатмадори зираку ботамкин ва дурбин мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарвари давлати ҷавони Тоҷикистон интихоб намуданд. Ин иҷлосия, ки дар он паёми сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик ба таври қатъӣ садо дод, дар таърихи Тоҷикистони навин марҳилаи навро боз намуд. Сарвари ҷавону умедбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол аз минбари иҷлосия ба ҳайси раиси тозаинтихоб гуфта буданд:

-Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро қурбон месозам.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбариро ба ҷомеаи Тоҷикистон дод, ҳамзамон ба дӯши ӯ вазифаи пурмасъулият-бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократиро вогузошт. Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе баргузида шуд, ки мебоист на фақат иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷикро тармим кунад, балки сохтмони онро дар пояҳои устувору қавии сифатан нав таҳким бахшад.

Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тҷикистон Парчам, Нишони давлатӣ тасдиқ гардида, ҳукумати қонунӣ таъсис ёфт, ки созмон додани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро мақсади асосии хеш қарор дод. Саъю кӯшишҳои хайрхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба мақсадҳои наҷиби меҳанпарастӣ ва умумибашарӣ таҳти роҳбарии дурандешона ва ғамхоронаи Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштии миллӣ, оташбас ва ваҳдату ягонагӣ, муттаҳидию якпорчагии сарзамини тоҷиконро дар заминаи машварату қарордодҳои байналмилалӣ пайваста таъмин намуда, бо дастгирию миёнаравии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои кафили сулҳ-Россия, Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон ва Ӯзбекистон дар доираи ризоият ва ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон таҳким бахшиданд.

Фарзандони ҷасуру сарсупурдаи миллат, намояндагони мардумии Шӯрои Олӣ бо дарки амиқи таҳдиди хатар ба халқу миллат ва нобудшавии мамлакат бар зидди ҷангу талошҳои бемаънӣ, ҷудоиандозии душманон, ба гуфтаи мардум, аз як гиребон сар бароварданд.

Мо миллати тоҷик баъди 30 соли истиқлолияти давлатӣ ба як қатор дасовардҳо ноил гардидем ва бе шаку шубҳа боварии мардум ба давлату ҳукумати имрӯза зиёд гардидааст. Дар ин диёри биҳиштосо кор ва фаъолият дорем ва намегӯзорем то ки ин давлат ва миллат дуюмбора бозичаи дасти хориҷиҳо гардад.

 

сокини н.Муъминобод Имомов Хизмат

 


silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад