Главная > Ичтимоиёт > Барқияи шодбошии Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Барқияи шодбошии Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


26-12-2018, 14:53. Разместил: adminn

Барқияи шодбошии Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният табрикоти хешро ба Шумо дар робита ба якдилона қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони "Арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо ибтикори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 190 кишвари аъзои СММ пешбарӣ гардид, изҳор менамоям.

Руйдоди мазкур қадаме бузург ва таҷассумгари эътимоди кишварҳои аъзои СММ нисбат ба Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масоили об ва ҳомии раванди  ҷаҳонии амалисозии ҳадафу вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030 барои Рушди устувор маҳсуб меёбад.

Мутмаинам, ки кишварҳои аъзои СММ аз ваколатҳои нави қатъномаи мазкур ҷиҳати пешбурди фаъолияти муштаракамон дар самти об, аз ҷумла тариқи арзёбии миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, самаранок истифода хоҳанд намуд.

Бори дигар, барои садоқататон дар пешбарии ин самти муҳим изҳори сипос менамоям.

Лутфан ғояти эҳтироми маро, Ҷаноби Олӣ, қабул фармоед».

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад