Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамеша барои манфиатҳои худ (шахсӣ) аз хориҷи кишвар амалҳои тахриборӣ ва ҷанги иттилоотиро ба роҳ монда, боиси халалдор кардани амнияти миллату давлати мо мегардад. Ҳизби манмнуъ бо номи ислом ба корҳои ношоиста хилофи аркони динию мусалмонӣ даст мезананд. Барои ҷомеа ошкор ва аён аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чи қувваи зулмонию аҳриманӣ Тоҷикистонро фаро гирифта буд. Мардуми тоҷик ҳеҷ вақт хотираи талхи ҷанги шаҳрвандиро фаромуш намекунанд ва минбаъд намегузоранд, ки чунин қувваи зулмонӣ фазои Тоҷикистони соҳибистиқлолро фарогир шавад. Ба гуфтаю фирефтаҳои ҳизби мамнуъи террористӣ – экстремистӣ ҲНИТ бовар накарда, шукронаи озодию истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамонро хоҳанд кард ва Худованд бандаҳои шукркунандаашро дӯст медорад.
Зарифов Абдураҳим
мудири бахши рушди иҷтимоии астгоҳи раиси
ноҳия