Главная > Ичтимоиёт > Андарз

Андарз


4-03-2019, 19:00. Разместил: adminn
Мард роҳ асту зан пӯл, роҳ бе пӯл буда наметавонад.
 
Мард мояи ифтихор, зан пояи устувор, Худованд устувориро нигаҳ дор.
 
Мард давлату зан савлат, давлату савлат бо ҳам пояндаанд.
 
Мард хона асту зан ҳусни хона, хонаи бе ҳусн хона нест.
 
Мард дарахти боровар, зан решаи тобовар . Боварии дарахт аз тобоварии реша вобаста аст.
 
Мард қалб асту зан хона қалб, Қалб дар хонаи устувор тапидан дорад.
 
Мард машъал асту зан машъалафрӯз. Машъали афрӯхта поянда бошад.
 
 
Раҷабали Табарзода
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад