Главная > Ичтимоиёт > ОН, КИ ХИЁНАТ БАР ВАТАН МЕКУНАД

ОН, КИ ХИЁНАТ БАР ВАТАН МЕКУНАД


4-04-2019, 17:54. Разместил: adminn
Имрӯз дар  сомонаҳои интернетӣ гумроҳу зархарид худро "Журналист”-и ватандору ватанпарвар ва пуштибони миллату мазҳаб ба қалам дода, буҳтону маломат ва санги киннаву адоватро ба сари миллат, ҳамёру бародар ҳаво дода, бо лафзи дуруғин мардумро ба куи номуродиву ноумедӣ ва гумроҳиву ҷаҳлу ҷаҳолат кашидан мехоҳанд.
       Ҳайфам меояд ба чунин қаламбадастони бе устод, бепиру бетадбир. Ҳайф, сад ҳайф!

   Гумон намекунанд, ки мардуми Тоҷикистон як маротиб бо чунин роҳбаладони бе роҳбалад дар шир сухтанд ва ҳамакнун дуғро пуф карда мехуранд. Созмони паймони милли Тоҷикистон, Ҷабҳа ва даҳо созмону паймонҳои паймоншиканро мардум хуб фаҳмиданду ба дуруғу фитнаҳояшон бовар надоранду бовар намекунанд. Дасисабозони ташкилоти терористии дар Тоҷикистон мамнӯъ эълоншудаи наҳзатиён саркарда ва аз ҷумлаи хоинони Ватан аст.

      Ҳама ҷурму хато ва ғалатҳоро метавон пушти сар намуд, фаромуш сохт ва ҳатто метавон бахшид. Хиёнат ба Ватан кардаро наметавон бахшид.

    Матлаи хубе миёни марду машҳур аст:

  
     Он, ки хиёнт ба Ватан мекунад,

      Аз хоки бегона кафан мекунад.

  
     Аз хоки бегона чун ҷуӯзҳои бехона пайи вайронаву вайронакориҳо пар мезананду маломат мекунанд. Парзанию сиёҳ карданҳояшонро бовар намекунанд мардуми азизи Тоҷикистон.

 

 

Табаров Рҷабали
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад