Главная > Ичтимоиёт > Боздид аз гушаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин “Экспо 2019”

Боздид аз гушаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин “Экспо 2019”


30-04-2019, 17:15. Разместил: adminn

 

 

 

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ноҳияи Янчин Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин "Экспо-2019”-ро тамошо карданд.

 

Дар ин ҷо бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ба хотири муаррифии арзандаи неъматҳои моддию маънавии ҷумҳурӣ намояндагони сохторҳои марбутаи соҳаи боғдорӣ, тиҷорату сайёҳат ва ширкатҳои ватанӣ номгӯйи зиёди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва маводи имкониятҳои сайёҳии кишвари офтобиро ба маъраз гузоштанд.

Дар маркази гушаи намоишгоҳи Тоҷикистон акси қуллаи баландтарини Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 м. намоён аст.

Тарҳи НБО нишони захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвари мо мебошад.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои асосии содироткунандаи меваҳои хушк мебошад ва маҳсулоти ин навъи неъматҳо дар намоишгоҳ мавқеи хос дошт. Меваҳои хушки кишвар бо тозагии экологӣ, тамъи нотакрор дар ҷаҳон машҳур аст ва харидорони худро дорад.

Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни обҳои ташнашикани корхонаҳои ҷумҳурӣ, аз қабили "Оби зулол”, "Зода”, "Субҳи Ватан” ва "Комбинати хуроквории Бохтар” пешкаш карда шуд.

Маҳсулоти боғдорӣ аз қабили меваҳои тозаву чормағз аз тарафи Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, КВД Хурокворӣ, Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ, Палатаи саноат ва савдо, Корхонаи Асали тоҷик, Интермед, Абрикос компания, Оро Исфара, Баракати Исфара, Исфарафрут, Меваи Канд Экофрут Исфара, Аввалин, ширкати Амирӣ ва Корхонаи Ширин, ба маъраз гузошта шуда буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои гушаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Пекин ба намояндагони корхонаҳои кишвар ва шахсони маъсули вазорату идораҳои марбутаи мамлакат баҳои баланд дода, барои ин иқдомашон изҳори сипос карданд.

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад