Омилҳои пайдоиши тероризм ва экстремизм
Терроризм агарчи истилоҳи куҳан буда ва хислати таърихӣ дорад, вале гурӯҳу созмонҳои террористӣ тайи даҳ солаҳои охир бо нуфузи бештар аз худ дарак дода, барои аҳолии осоиштаи сайёра яке аз мушкилоти глобалӣ ва доғи рӯз ҳисобидамешаванд.
Вобаста ба вазъияте, ки ҳоло дар ҷаҳон ба амал омада истодааст, ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳони имруза терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби зишт ва пурдаҳшату хатар афзобуда, барои ҷомеаи инсонӣ, сулҳу субот, оромию осоиштагии давлат, амнияти давлатӣ ва рушди устувори давлат хатари бевосита мерасонад. Терроризм ва экстремизм яке аз ҷиноятҳои бениҳоят вазнин буда, дар шакли содир намудани кирдорҳои барқасдона аз қабили таркиш, оташзадан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, несту нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани сокинони осоишта, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба ҷамъият ё намояндаи ҳокимият бо мақсади сусткардани амнияти давлатӣ, сохтори конститутсионӣ ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хатарнок дарҷ мегардад.
Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Мақсади гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ қонеъ гардонидани манфиатҳои ғаразҳои нопоки худ ва кирдорҳои гуногуни даҳшатвор аст: ба монанди бо ваҳшониятвабераҳмона ба қатл расонидани одамони бегуноҳ, аз кўдакон ва занону пиронсолон даст зада, бо ин кирдорҳои ғарази хеш гурўҳи зиёди шарвандон ва умуман ҷомъеаи ҷаҳониро ноорому нигарон месозанд.
Шояд дар байни одамон саволе ба миён ояд, ки маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣгуна падида аст?
Экстремизм аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънояш ин ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тунд равона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист инсонест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори кирдорҳои якравию тундравӣ аст. Ин зуҳуроти номатлуб метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти шарвандон–
дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шудааст, ки ҷомеаи имрӯзаи геополитикии ҷаҳон изҳори гаронӣ намуда, сокинон ва ҷавонони кишвар ва дар симои онҳо бошандагони сайёраро аз таҳдиду хатарҳои терроризму экстремиз ба амният ва оромии олам ҳушдор медиҳанд. Зеро ба таъбири машҳури Пешвои миллат «террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад».: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Дар замони мо инсонҳо, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба андешаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усулбо паҳн карда нисабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд. Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ мегардад. Ҷавонону наврасон набояд фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд.
Тавасути сомонаи интернети ҷавонони содаю зудбоваро ба доми худ гирифтор кард баонҳо ҳар ваъдаҳои бардуруғро медиҳанд. Аз сабаби саводи кофи надоштан ба ин хел гуруҳо шомил мешаванд. Онҳо фикр мекунанд, ки моро дар онҷо пули калон имконияти сарвадманд шудан интизор аст вале баръакс онҳо намедонанд, ки марги даҳшатбор интизор аст. Наход ба як маблағи ночизе, ки ба шумо ваъда медиҳанд Ватани азизи хешро тарк намуда, ба он гуруҳҳо шомил шуда, обичашмони падару модари худро бари рӯ мекунед. Баръакс мо бояд хидмат ба падару модари хеш намуда, дуои неки онҳоро гирем ва дар ҷомеъа як шахси мувафақ бошем. Сарвари давлат зимни баромадҳои хеш гаштаю
баргашта таъкид менамоянд, ки "Ҷавонон ояндаи миллату давлатанд” маҳс ба ҳамин хотир соли 2017-ро "Соли Ҷавонон” эълон намуд. Модоме, ки мо ҷавонон ояндаи миллату давлат бошем пас чаро ба ин роҳи ғализу нопок ҳамроҳ шавем. Модоме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи миллату давлатро ба мо вобаста кардаст мо бояд ҷавонони бонангу номуси ватани хеш бошем. Ин оромию осоиштагие, ки дар Тоҷикистони гулгуншукуфони мо ҳаст орзуи ҳар як шарванди давлати ҷангзадааст.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст ҳар руз дар оинаи ниёгон аз ҳолу аҳволи давлатҳои ҷангзада хабардор мекунад рузҳо садҳо манзилҳо ба хок яксон ҳазорҳо ҳазорҳо одамон тифлони бегуноҳ ҳалок мешаванд. Хабарҳои Тоҷикистонро ба инҳо муқоиса намоем бо роҳбари ва меҳнатҳои шабонарузии, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳо иншотҳои нав сохта ба истифода медиҳанд. Маҳз дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе 125 иншотҳои нав ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ сохтаба истифода доданд,ки зиёдааз 20 ҳазор нафар соҳиби ҷои кор гардиданд. Соли 2018 бошад ин рақам боз ҳам афзуд.Аз оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии"Роғун”аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ, танҳосоли 2018 3,9 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст ва соли 2019 ба инмақсад қариб 4 миллиардсомонӣпешбинӣгардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад.
Аз 23 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср–нерӯгоҳибарқиобии"Роғун” чил фоизашон ҷавонони то сисола ташкил медоданд. Мо бояд шукрона кунем чунин ватани азизу маҳбуб ва сарвари оқилу ғамхор дорем ватани хешро аз таҳти дил дуст дорем ҳатто як дақиқа оромии Тоҷикистони хешро ба"кони тилло” иваз нанамоем. Хонем илм омузем ояндаи миллтату давлати хеш бошем Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ муарифи намоем, пайравони ҳақиқии Пешвои миллат бошем.
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Рустам Раҳимови ноҳияи Муъминобод
_________ ГУЛЧЕҲРА ШОМАДОВ
silvenpsp.rusferurezki.ru