Санаи 20-июли соли 2019 раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба ноҳия сафари корӣ намуда аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд ва дар Қасри фарҳанги ноҳия қабули шаҳрвандон доир гашт, ки зиёда аз 20-нафар муроҷиат намуда ҳар яки онҳо қаноатманд шуданд. Инчунин пас аз қабули шаҳрвандон раиси вилоят ба айёдати 3-нафар нафақахурони хизматнишондода рафта аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор шуда туҳфаҳои молию пулӣ тақдим намуд.