Главная > Чавонон саёхи ва варзиш > Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»

Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»


31-05-2016, 20:51. Разместил: adminn
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур ба муносибати«Рӯзи ҷавонониТоҷикистон» [center]Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»

[center]ДӮСТОНИ ҶАВОН, ҲОЗИРИНИ ГИРОМӢ


Мулоқоти имрӯзаи хешро ба қишри нерӯманд ояндасоз ва давомдиҳандаи сиёсати ватандӯстонаи Ҳукумати кишвар ҷавонони ноҳия дар арафаи чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, раъйпурсии умуми-халқӣ оиди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷавонони кишвар, рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли неку ояндаи босаодати ҷавонон меҳисобам.
Шумо ҷавонони азиз ҳаққонӣ ва комилан бояд ифтихор дошта бошед, ки дар кишваре чун Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат-кафили ваҳдату ягонагӣ Президенти маҳбуб Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкор доред.
Боиси ифтихор аст, ки 22 майи соли 1998-дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси Олии кишвар таҳти №628 дар мамлакат 23 май -Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид.
Ин санаи муборак, ки фарогири ормонҳои як қишри фаъол, ояндадору ояндасоз ҷавонони кишварро дар бар мегирад бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» -ҳамасола 23 май-ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ, зери парчами Истиқлолияти комили кишвар таҷлил карда мешавад.
Ин рӯзи муборак натанҳо дар Тоҷикистон балки берун аз марзи Тоҷикистон, дар сафоратхонаҳо, консулгариҳо бо шукргузорӣ аз Тоҷикистон бо дастгириҳои ҷавонони тоҷикистонӣ, ки пайи хизмат, муҳоҷират, таҳсилу сукунати доимӣ ё муваққатӣ қарор доранд ҷашн гирифта мешавад.
ҲОЗИРИНИ ГИРОМӢ!

Бо истифода аз фурсати даст дода мехоҳам Шумо ва дар симои шарифу мубораки ҳар як иштирокчии чорабинии имрӯза, кулли ҷавонони ноҳияро ба муносибати ин санаи мубораку фирӯз самимона шодбош бигӯям.Ба ҳар волидайн, падару модар, ки дар тарбия ва рӯи кор овардану ба ҳаёти мустақилона, донишандӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, ҳидоят ба росткорию ростқавлӣ, ватандорию ватанпарастии ҷавонон ҳисса доранд, тинҷию амонӣ ва баракати рӯзгорро таманно дорам.
Сол аз сол дар сатҳи баланди ҷамъиятию сиёсӣ таҷлил шудани Рӯзи ҷавонон дар мамлакат шаҳодати он аст, ки нақш ва мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ҷойгоҳи худро дорад.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, оммавӣ ва варзишӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия идомаи дастовардҳои ҳаёти ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон аст.
Имрӯз Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ном ва сиёсати сулҳофараш ифтихор дорем ҳаёти иҷтимоии ҷавононро аз мадди назар дур нагузошта, пайваста дар ин раванд таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ зоҳир мекунад.
Шояд овардани ҳамин далел кифоя бошад, ки барои таъмини иштироки ҷавонон дар идоракунӣ ва ҳаёти сиёсии ҷомеа дар моддаи 49-и Конститутсия чор тағирот пешниҳод шудааст, ки фарогири ҷалби ҷавонон барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии мамлакат арзёбӣ мегарданд.
Яъне нерӯи ақлонию зеҳнии ҷавонон дар оянда мақсаднок истифода мегарданд.
Сарвари давлат зимни Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои пешрафту тараққиёти кишвар, бо далелҳои воқеан асосноку илман собитшуда таҳлил гардиданд, ба фаъолияти ҷавонон, ки созандагони ояндаи ин миллат ва умеди насли гузашта, имрӯзу ояндааст, баҳогузорӣ шуда, таъкид гардид, ки:
Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.
Пешвои миллат бо боварию ифтихор ба ин нерӯи созанда рӯ оварда илова намуд, ки «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.
Имрӯзҳо бештар аз 137 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд.Ин рақам дар дохили кишвар беш аз 208 ҳазор нафарро ташкил менамояд.
Бо ибораи дигар танҳо дар соли таҳсили равон домани бештар аз 226 ҳазор нафар ҷавонон пайи омӯзиш ва аз бар намудани илм, техникаву технологияҳои замони муосир қарор доранд.
Танҳо аз ноҳияи Муъминобод 4010 нафар ҷавонон дар дохил ва бештар аз 267 нафар ҷавонон дар хориҷи кишвар пайи омӯзиши илмӣ муосир ҷалб гардидаанд. Фикр мекунам, ки ин нишондиҳандаи рӯз мусбӣ арзёбӣ мегардад.
МУҲТАРАМ АҲЛИ ТОЛОР!

Чаро аз илм, аз бар кардани илмҳои замон оғоз намудам. Зеро, ки сиёсати Сарвари давлат ба ин самти афзалиятнок нигаронида шудааст.
Борҳо зимни мулоқоту вохӯриҳои худ таъкид доштам, ки фақат мутахассиси дорои тафаккурӣ баланд соҳибмаълумоту соҳибкасб мета-вонад дар идоракунии давлатӣ ва истеҳсолот фаъол, ҳамзамон соҳибэҳтиром бошад ва мусаллам аст, ки ҷавонони донишманд-ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ мебошанд. Аз Шумо ҷавонони бо нангу ори ноҳия ин матлаби хешро имрӯз ҳам ҷиддан талаб дорам.
ҲОЗИРИНИ МУҲТАРАМ!

Дар мамлакат бо мақсади фароҳамсозии муҳити созгор ва шароити мусоид барои рушду камоли ҳамаҷонибаи ҷавонони мамлакат ҳанӯз дар солҳои нахустин Истиқлолияти давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид.
Вобаста ба тақозои замон санадҳои дигари меъёри-ҳуқуқии амалисозии ҳадафҳои ояндабинӣ қабул гардида ба ин васила бунёди даҳҳо иншоотҳои варзишӣ, толорҳои хониш, китобхонаҳои электронӣ, пайвастшавӣ ба шабакаҳои интер-нетӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу ҳунаристонҳо, даҳҳо грантҳо, Ҷоиза барои ҷавонони эҷодкор таъсис дода шуда ҷавонон аз онҳо баҳрабардоранд.
Тадбирҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бунёд ва ташкили коргоҳҳои гуногун ва ба ин васила таъсиси бештар аз 260 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ин рақам дар маҳал ба таъсиси 2031 ҷойҳои нави корӣ баробар аст.
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба он замина мегузоранд, ки масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш дода шавад.
Барои расидан ба ҳадафҳои Барномавӣ ва амалисозии имтиёзҳо барои ҷавонон танҳо дар ду соли охир барои ҷавонон дар шаҳрак ва деҳоти ноҳия 36 гектар замин бо мақсади бунёди манзили зист ҷудо гардида, 214 оилаҳои ҷавон ҳаддал-имкон соҳиби қитъаи замин барои сохтмони хона, дукону мағоза, нуқтаҳои хизматрасонӣ, фурӯшгоҳҳо ва марказҳои дилерӣ шуданд. Имтиёзи дигаре, ки маҳз барои ҷавонон, роҳандозӣ гардидааст ин тибқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст мебошад. То ба имрӯз 281 нафар ҷавонони ноҳия аз ин имтиёз бархурдор шуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору хизмат дошта, 112 нафар ҷавонон бо истифода аз ин имтиёз паси курсии донишҷӯи нишастаанд.
МУҲТАРАМ АҲЛИ ТОЛОР!

Бо таҷдид шудани хоҷагиҳои коллективӣ, хоҷагиҳои хурди инфи-родӣ бо самтҳои гуногуни истеҳсолӣ таъсис дода шуданд. Аз шумораи умумии 5103 хоҷагиҳои деҳқонӣ сарварии 1731 хоҷагиҳои деҳқониро маҳз ҷавонон ба уҳда дошта 802 гектар заминҳои обӣ, шартан обёри-шаванда, боғу ҷангалзорҳоро дар ихтиёр дошта, дар офаридани неъматҳои моддӣ ва маҳсулотҳои ниёзи мардум саҳм доранд, ки қобили қабул аст.
ДӮСТОНИ ҶАВОН!

Дар ҳамаи давр оила пойдевори мустаҳкамӣ, бақодорӣ ва устувории давлат буд ва мемонад. Давлат оила-ро ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя меку-над. Бо ин мақсад бо пешниҳоди Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли гузашта-соли Оила» эълон шуда буд. Аз эълон шудани соли Оила ин нигоҳдорӣ, тарбия ва тақвият бахшидани бақодории оила, тарбияи насли солими дорои тафак-кури баланд ва ҷаҳонбинии васеъ арзёбӣ мегардад. Овардани ҳамин рақам басанда аст, ки дар соли оила 2256 оилаҳои ҷавон расман ақди никоҳ баста, оила бунёд намудаанд, вале таасуфовар он аст, ки дар ин сол оилаҳои ҷавон ба асари надоштани сабр, таҳамулнопазирӣ ё ба хотири мол, чиз, сарват аз ҳам ҷудо шуда, тифлони ятиму дар ба дарро аз худ боқӣ гузоштанд. Падару модарон барои устуворӣ ва баракати умри фарзандон кам кӯшиш мекунанд, ки ояндаи фалокатбор дорад.
Давлат бо Артиши миллии худ бақодору устувор аст. Табиист, ки иқтидори мудофиавии давлат, ҳи-мояи манфиатҳои он то ҳадди ваколатӣ ба души ҷавонон гузошта шуда, ҷавонони далеру шӯҷоъ, зираку ватанпараст дар дифои ин марзи муқаддас қарор доранд.
Дар адои вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ зиёда аз 490 нафар фиристодаҳои ноҳия дар ҷузъу томҳо ва воҳидҳои дигари низоми қарор доранд, ки бо номи ҳар кадоми онҳо ифтихор мекунем. Ба падару модар, тарбиятдиҳандагони онҳо аҳсан мехонем.
ҲОЗИРИНИ ИЗЗАТМАНД,

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар аз 20 декабри соли 2010 баён намуданд, дар рушди соҳаи варзиши мамлакат заминаи воқеъии худро гузошта истодааст.
Бунёди садҳо толору майдонҳои варзишӣ барои риштаҳои гуногуни варзиш шаҳодати гуфтаҳои боло бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва иштироки фаъолонаи онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ мебошад. Имрӯз тайёрае, ки вориди Тоҷикистон мегардад, дар дохили он варзишгароне ҳастанд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами Тоҷикистонро боло бардоштанд.Айни ҳол дар ноҳия 8 толори варзишӣ ва 62 адад майдончаҳои хурду бузург ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва бай-налмилалӣ ширкат намуда, шарафи варзиши ноҳияро дар ноҳия ва хориҷ баланд бардошта истодаанд.
Мо бо номи варзишгарон дар риштаи қаиқронӣ Раҳмонова Матлуба, Раҳматова Ороста, Зуҳуров Некрӯз, варзиши сабук Боронова Салима, Зарринаи Мирзоисҳоқ, Одинаев Рустам, Муҳини Тоҳир, чавгонбозӣ Зоиров Суҳайлӣ, Шералии Бурҳоналӣ, Сангов Сунатулло, таэквандо-втф Шафоати Қадам, Гадозода Макнуна, Сатторзода Шарифамо, Махфирати Назримад, Дилнозаи Раҳмоналӣ, Нигорбии Нуралӣ ва Бобохонзода Сайдмаҳмуд ва дар риштаи гӯштин Хуршед Маҷидов, Ҷамшед Халилов, Салоҳиддин Муҳиддинов, Ҷаҳонгир Маҷидов ва даҳҳо дигарон ифтихор мекунем.
Ҳамасола бо ташаббуси Сарвари давлат ҳафтаи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи дави миллӣ эълон гардидааст.
Дар арафаи Дави миллии имсола, ки он ба санаи 15 май рост омада буд, дар маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкори ҷавон Одинаев Салоҳиддин толори варзиш бо тарҳи замонавӣ ва бо истифодаи таҷҳизотҳои ҳозиразамон, ки бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ бунёд шуда буд, мавриди истифодаи умум ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамчун раиси ноҳия миннатдории хешро ба ин соҳибкори маҳаллӣ баён менамоем. Аҳсану офарин ба чунин ҷавонмардони саховатпеша.
МУҲТАРАМ АҲЛИ ТОЛОР!

Ҷаҳонишавӣ ва суръати баланди нифоқу муборизаҳои мухталиф баъзе минтақаҳои оламро фаро гирифтааст, ки боиси изтиробу нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.
Абарқудратону муаллифони сенарияҳои сиёсии ош-кору ниҳон аз амалӣ гардидани нақшаву ҳадафҳояшон манфиат меби-нанд. Ин амалӣ норавои ғайриинсониву ғайримазҳабӣ ба он боис гаштааст, ки минтақаҳои алоҳида дар оташи ҷангу нифоқ қарор дошта бошанд. Кишварҳои олами араб мисоли возеҳу равшани он аст.Боиси таассуфу нигарониҳои зиёд аст, ки нерӯҳои муайян дар раванди тамоми ин муноқишаву даргириҳо аз ҷавонони раҳгумзадаву ноогоҳ ва фирефташуда ба таври васеъ истифода мебаранд.
Дар сархати ҳамаи ахборҳои ватанию хориҷӣ бахусус ахбори электронӣ иштироки ҷавонони ноогоҳи тоҷик аз ҷумла ҷавонони ноҳия дар муноқишаҳои Сурия мебошад. Хеле амали нораво аст, ки ҷавононе, ки аз онҳо оила ва ҷомеа чизи дигарро интизор асту онҳо баръакси ин умедҳо кулфату ғаму дардҳоро самар меоранд. Муссалам аст, ки ягон ҷанг, ихтилоф ва низову хунрезӣ дар ягон ҷамъият омили тарбияву пешрафт нест ва буда ҳам наметавонад.
ҶАВОНОНИ АЗИЗ!

Ҳар яки Шумо умеду ояндаи ин миллат ва пеш аз ҳама падару модар ва оилаҳои худ ҳастед. Ин минбарро ҳамчун раиси ноҳия истифода карда, даъват мекунам, ки рӯ ба ҳар гуна даъват аз тариқи интернету воситаҳои дигар бо садои «ҷиҳод» набояд дода шуд. Фирефтаи пулу мол ва идеологияҳои фалокатбор нашавед. Ба болои орзуву умеди волидайн, хоҳару додар ва дӯстони ҳамсолони худ, ки дар симои Шумо ворисони ҳақиқиро мебинанд хати шикаст ясу ноумедӣ ворид насозед.
Пешвои миллат, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони мамлакат хитобан қайд намуд: «Шумо-ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред», Хитоби Сарвари давлат аз ҳар кадоми Шумо масъулияти баландро дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозо дорад. Тоҷикистон, ки барои ҳамаи Тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзии ватанпарвар азиз аст ба ақлу хирад, нерӯи бунёдкоронаву созандаи Шумо-ҷавонон такя дорад.
Барои Шумо ва кулли ҷавонони ояндасозӣ ноҳия, ки як пораи хоки кишвари муқаддас аст, саломативу сарбаландӣ, рӯзҳои пурбарору фараҳ-бахш, ояндаи дурахшон, ҷавонии пур аз рӯйдодҳои бепоён, осмони мусаффо ва хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Итминон ва боварии комил дорам, ки мову Шумо дар якҷоягӣ санаҳои мубораки дар пешистодаро бо фараҳмандӣ ва ифтихор аз ин миллату ватан таҷлил менамоем.

Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
Паёми табрикии раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур                           ба муносибати «Рӯзи ҷавонониТоҷикистон»
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад