Главная > Чавонон саёхи ва варзиш > ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ - МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТ

ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ - МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТ


11-08-2022, 16:35. Разместил: admin
ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ - МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТ 03.08.2022 Ҷавонон имрӯзу ояндаи давлат дониста шуда, аз тарафи Ҳукумати кишвар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Соҳаи ҷавонон ҳамасола аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ рушд менамояд ва ҷавонони кишвар сол то сол дар дилхоҳ самт ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чӣ аз самти илм, чӣ аз самти варзиш ва чӣ аз самти технологияи муосир муаррифӣ менамоянд. Яке аз самтҳои афзалиятноке, ки Ҳукумати кишвар ва ҷавонони мамлакат ба он бештар таваҷҷуҳ менамояд, ин рушти варзиш ва дар мусобиқаи сатҳи баланд муаррифӣ намудани намудҳои гуногуни варзиши миллӣ ва номи давлат аст. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор нисбат ба ҷавонон ва варзиш баҳри рушти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин тарбияи варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷонибаро ба роҳ монда истодааст. Ҳамин дастгирӣ ва заҳмату талошҳои ҳукумат ва ҷавонони кишвар аст, ки имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сарбаландона иштирок намуда, Парчами давлатии моро дар байни дигар кишварҳо боло бардошта, намудҳои варзиши миллии тоҷиконро ҳамчун варзиши байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо - ҷавонон аст, ки дар фазои сулҳу субот, оромию осудагӣ ва истиқлоли Ватан умр ба сар мебарем. Имрӯз Ҳукумати мамлакат барои ҷавонон, хусусан, варзишгарони кишвар тамоми шароитро фароҳам овардааст. Бо ба даст овардани Истиклолият ва ваҳдату оромӣ дар баробари дигар самтҳо соҳаи варзиш низ рушд ёфт. Дар асоси дастур супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҳар шаҳру ноҳияи кишвар толору майдончаҳои варзишӣ муҷаҳҳаз бо шароити замон фаъолият намуда истодаанд, ки ин ҳам аз пешрафту ободӣ ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мамлакат дарак медиҳад. Ҳамин пешрафту дастгирихои ҳамешагӣ аст, ки дар тӯли чанд соли ахир варзишгарони мо дар мусобиқаҳои қораӣ ва байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Пойтахти азиз мо - шаҳри Душанбе бошад, борҳо мизбони мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳониро соҳиб шудааст. Имрӯз мо дар остонаи таҷлили Рӯзи варзишгарон қарор дорем. Мусаллам аст, ки бахшида ба ин санаи фархунда дар саросари кишвар мусобиқаҳои варзишӣ ба роҳ монда мешавад. Ин раванд низ дар рушду нумӯи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мамлакат нақши бориз мегузарад. Бигзор дар мамлакати мо истиқлолу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармоӣ кунад. Тоҷикистон ва варзиши тоҷик пеш равад. Ҷавонон дар канори гарми ин Ватан рушд намоянд. РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! Азимов Маъруф, директори муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Муъминободsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад